15.08.2017 ИШТИРОКЧИИ АЗ ҲАМА ХУРДСОЛИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ХОНАНДАИ БЕҲТАРИН” ҲАФТ СОЛ ДОРАД

Баъд аз нашри эълони озмуни вилоятии “Хонандаи беҳтарин” теъдоди зиёде аз толибилмон ба шуъбаҳои хизматрасонии китобхона бо мақсади ширкат муроҷиат карданд. Яке аз ин хонандагони наврас Аъзамҷон Султонов мебошад. Аъзамҷон соли 2010 таваллуд шуда, дар кӯдакистони №36 шаҳри Хуҷанд хондану навиштанро барвақт омӯхта, як сол пеш ба таҳсил шуруъ кардааст. Ӯ алҳол хонандаи синфи 2 Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд мебошад ва мехоҳад дар озмуни вилоятии “Хонандаи беҳтарин” иштирок кунад. Вай барои он ки ҳуқуқи ширкат дар озмунро ба даст орад, ҳамчун хонандаи шуъбаи адабиёти наврасони Китобхонаи вилоятб ному насабашро ба қайд гирифт. Аъзамҷони наврас, ки хондани китобҳои тоҷикӣ ва русиро бештар меписандад, ҳофизаи хуб дорад. Ҳангоми бақайдгирӣ аз шоири маъруф Камоли Хуҷандӣ ғазалеро хеле бурро қироат кард ва подоши муҳаббаташ ба адабиёту шеър китоби “Бузургон ва қаҳрамонони миллат”‑ро аз китобдорон ҳадя гирифт.

Аъзамҷон Султонов, ки бо раҳнамоии волидон ва модаркалонаш завқи мутолилаи китобҳои гуногунро дар худ парвариш медиҳад, яке аз наврастарин хонандагони  боадабу ғайратманд асту орзу дорад бо иштирокчиёни аз худаш калон дар ин озмун ширкат варзад. Китобдорони шуъбаи адабиёти наврасон ва толори хониш барои ӯ дар ин сабқат барору комёбиро таманно доранд.

Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ