Бахшида ба Рӯзи Китоб санаи 4-уми сентябр  дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон чорабинии фарҳангӣ-адабии “Китоб–хазинаи дониш” бо ташаббуси китобдорони Китобхонаи марказии шаҳр доир гашт.  Сарбиблиографи Китобхонаи марказии шаҳр Ҳусния Ҷӯраева ба иштирокчиён меҳмонони чорабинӣ – муовини раиси шаҳри Бӯстон Ғафурҷон Зоирӣ, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Қурбонова Моҳинисо, китобдорони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Марҳабо Раҷабова ва Умеда Ҷӯраеваро шиносонида, ҳамаи хонандагону омӯзгорон ва китобдоронро ба муносибати Рӯзи китоб табрик гуфт. Дар навбати худ ашхоси номбурда ба сухан баромада, дар бораи нақши китоб ва китобхона суҳбат карданд.

     Сипас, барои шавқманд гардонидани наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ ва ширкат дар барномаҳои фарҳангӣ ба беҳтаринҳо ифтихорномаву туҳфаҳои ҳавасмандсозӣ супорида шуд.

     Аъзоёни маҳфили ровиёни назди Китобхонаи марказӣ, аъзоёни маҳфили акётрии назди Театри драммавии русии ба номи А.С.Пушкин, дастпарварони Кӯдакистонҳои №4, 13, 15 ва макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона ширкат намуда, муҳаббату садоқати худро ба китобу китобхона нишон доданд.

     Дар ин бора мудири Китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон Гулноза Убайдуллоева иттилоъ дод.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ