Китобхона-филиали №1

МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №1-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

    Китобхона-филиали №1 соли 1977 ташкил шуда, дар хонаи №5 микроноҳияи 18-уми шаҳри Хуҷанд воқеъ буд. Дар соли таъсисёбӣ ба он Ткачева Светлана роҳбарӣ мекард. Китобдори филиал Чернова Галина ба шумор мерафт. Дар он вақт махзани китобӣ 844 нусха китобро ташкил медод.

    Ҳамин тавр, соли 1980 роҳбарии филиалро Курносова Людмила ва китобдор Бобоева Раҳбар бар дўш доштанд, ки махзани он дорои 1032 нусха китоб буд.

    Аз соли 1983 то соли 1984 Раселчак Татяна бо китобдор Фейселова Маргарита дар ин ҷо фаъолият намуданд ва он вақт махзани филиал аз 13865 нусха китоб иборат буд.

    Соли 1985 Зикриёева Мунира бо махзани дорои 1658 нусха китоб филиалро қабул намуда, то соли 1988 кор кард. Охири соли 1988 махзани китобӣ 1831 нусха китобро ташкил медод.

    Аз соли 1989 Бобоева Раҳбар бо китобдор Бобоҷонова Муҳаббат масъули филиал буданд ва он 19237 китоб дошт.
Соли 1990 Раҳимова Хайрӣ ва китобдор Зуҳурова Дилбар дар ин ҷо фаъолиятро оғоз карданд, ки махзани китобии он иборат аз 20961 нусха китоб буд.

    Аз соли 1991 то 1994 Зуҳурова Дилбар бо китобдор Қосимова Меҳрӣ фаъолият бурданд. Дар ин фурсат филиал аз 21253 нусха китоб таркиб ёфта буд.

    Соли 1995 бошад, Қосимова Меҳрӣ масъулияти фаъолиятро бар дўш гирифт ва махзани китобӣ дорои 21276 нусха китоб буд.

    Соли 1996 Шерматова М. бо махзани китобии 22676 нусха китоб филиалро қабул намуд ва то соли 1999 кор кардааст.

Соли 1999 Эргашева Саноат бо махзани китобии 22708 адабиёт фаъолият бурд.
Соли 2000 китобхонаро ба бинои боғчаи бачагонаи №32 кўчониданд.
Соли 2001 Абдураҳимова Дилором масъули филиал буд ва он 22708 нусха китоб дошт.
Соли 2004 Норматова Саёҳат филиалро бо 22282 нусха китоб қабул кард.

   Аз соли 2004 то 2010 Акрамова Кумрӣ масъулияти кории филиалро, ки дорои 20504 нусха китоб буд, ба дўш гирифт.

Соли 2010 китобхона-филиалро ба бинои МТМУ №22 ба номи Ҷаббор Расулов кўчонида шуд.
Соли 2011 Шарипова Мунаввар ва китобдор Акрамова Кумрӣ кормандони филиал маҳсуб меёфтанд ва он 15750 нусха китоб дошт.

   Аз соли 2012 Ҳайдарова Замира ва Шарипова Мунаввар махзани 15845 нусхагии филиалро қабул намуда, фаъолиятро идома бахшиданд.

     Ҳоло китобдори дараҷаи 1 Ҳайдарова Замира ва китобдор Бобохонова Назира ба истифодабарандагони филиал хизмат мерасонанд. Хонандагони филиал омўзгорону толибилмони мактаб, аҳолии маҳаллаҳои 18-19 буда, инчунин китобдорон дар нуқтаҳои китобдиҳии Гимназияи №24, мактаби хусусии «Файз» боғчаи бачагонаи №40, №31 ва №32, ки дар маҳаллаҳои 18- 19-ум воқеанд, хадамоти китобию иттилоотиро ба субут мерасонанд.
Дар соли 2017 китобхона –филиали №1 дорои 15950 нусха китоб ба забонҳои русӣ 12599, ба забони тоҷикӣ 3177, ба забони ўзбекӣ 172 ва ба дигар забон 2 нусха буда, дар масоҳати 70 м2 ва толори хониши дорои 10 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.

    Маҳалли фаъолияти китобхона-филиал ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба номи Ҷаббор Расулов тааллуқ дошта, он аз соли 2010 то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.

       Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1.    Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 1055 нусха.
2.    Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб –1045 нусха.
3.    Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ –1115 нусха.
4.    Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш –712 нусха.
5.    Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона –12023 нусха.