Китобхона-филиали №2

МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №2-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

  Китобхона-филиали №2 соли 1977 дар шаҳри Хуҷанд кўчаи Сирдарйинский бинои Хонаи маданият, ошёнаи 2-ум  ташкил шуда, дар соли таъсисёбии он Ибрагимова З.Х. роҳбарӣ мекард. Дар он вақт махзани китобӣ 35893 нусха китоб дошта, аз он  шумора 4054 нусха ба забони тоҷикӣ, 29350 нусха ба забони русӣ ва 2489 нусха ба забони ўзбекӣ китобро ташкил мекард.
Аз соли 1979 роҳбарии китобхона-филиалро Умарова Р. бар дўш доштанд, ки махзани он дорои 36854 нусха китоб буд. Аз ин омор 4499 нусха ба забони тоҷикӣ, 29692 нусха ба забони русӣ ва 2663 нусха ба забони ўзбекиро дар бар мегирифт.
Филиалро аз соли 1980 то соли 2001 Пўлотова О. роҳбарӣ  намуд ва он вақт махзани он аз 27826 нусха китоб иборат буд. Аз ин шумора 2128 нусха ба забони тоҷикӣ, 24231 нусха ба забони русӣ ва 1467 нусха ба забони ўзбекиро ташкил медод.
Соли 2001 Раҳматова Д. роҳбарии китобхона-филиалро ба ўҳдаи худ гирифт, ки махзани он 21852 нусха китоб дошт ва аз он ба забони тоҷикӣ 1805 нусха, ба забони русӣ 19038 нусха ва ба забони ўзбекӣ 761 нусха китобро дар бар мегирифт.
Соли 2003 Ғафффорова Н. бо махзани дорои 21162 нусха китоб филиалро қабул намуд. Аз ин шумора 1363 нусха ба забони тоҷикӣ, 19038 нусха ба забони русӣ ва 761 нусха ба забони ўзбекиро созмон медод.
Аз соли 2003 масъули филиал  Қосимова Н. буд ва он 21168 нусха китоб дошт. Аз ин шумора забони тоҷикӣ 1369 нусха, ба забони русӣ, 19038 нусха ва 761 нусха ба забони ўзбекиро фаро мегирифт.
Соли 2005 Шарипова Т. дар ин ҷо фаъолиятро оғоз кард, ки махзани китобии он иборат аз 21179 нусха китоб буд. Аз ин шумора 1368 нусха ба забони тоҷикӣ, 19049 нусха ба забони русӣ ва 761 нусха ба забони узбекиро ташкил медод.
Аз соли 2009 то 2011 Муҳаммадҷонова И. фаъолият бурд. Дар он вақт махзани филиал аз 21229  нусха китоб иборат буд. Аз он ҷумла,  ба забони тоҷикӣ 1374 нусха, ба забони русӣ 19049 нусха ва 761 нусха ба забони ўзбекӣ мавҷуд буд.
Солҳои 2011 ва 2016 роҳбарии китобхона-филиалро Шарипова Бароат ба уҳда дошт, ки махзани он 21456 нусха буд. Аз ин шумора 1595 нусха ба забони тоҷикӣ, 19099 нусха ба забони русӣ, 761 нусха ба забони ўзбекӣ ва 1 нусха ба дигар забонро дар бар мегирифт.
Дар айни замон Китобхона-филиали №2 дар маҳаллаи 20, кўчаи Рифъат Ҳоҷиев, бинои Коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷой гирифтааст. Низоми пурсамари фаъолияти он бар дўши китобдори дараҷаи 1 Қосимова Малика ва китобдорон Осимова Дилоромхон ва Мирзохоҷаева Муҳайёхон вогузор шудааст.
Ҳоло махзани китобхона-филиали №2 дорои 18478 нусха китоб буда, аз он 1674 нусха ба забони тоҷикӣ, 16037 нусха ба забони русӣ, 762 нусха ба забони ўзбекӣ ва забон 5 нусха ба дигар забонҳо мансуб мебошад.
Хонандагони доимии китобхона-филиал асосан омўзгорону донишҷўёни Коллеҷи омўзгорӣ мебошанд. Инчунин дар МТМУ № 7, МТМУ № 14, Қисми низоми ҳарбии 03377 ва Суди ҳарбӣ нуқтаҳои китобдиҳии филиал амал менамоянд, ки мутобиқи шартнома дар як моҳ ду маротиба муассисаҳои ёдшуда бо китоб таъмин мегарданд.
Ҷойи фаъолияти китобхона-филиал ба Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, он аз соли 2011 то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.

Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1.    Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 994 нусха.
2.    Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 442 нусха.
3.    Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 354 нусха.
4.    Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 219   нусха.
5.    Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 16489 нусха.