ШУЪБАИ ТЕХНИКӢ ВА КИШОВАРЗӢ

     Шуъбаи махсусгардонидашудаи китобҳои доир ба техника ва кишоварзӣ аз соли 1968 ташкил карда шудааст.

     Кормандони шуъба бо мақсади тарғиби китобҳои марбут ба илмҳои техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои донишҷуён ва кормандони соҳаи кишоварзӣ қонеъ намудани талабу дархости онҳо ҳамарўза саъю кўшиш намуда истодаанд.

     Теъдоди махзани китобии шуъба 42698 нусха китоб маҳфуз буда, адабиёт доир ба энергетика, нақлиёт, металлшиносӣ, мошинсозӣ, саноати ҷангал, чўбкоркунӣ, саноати хўрокворӣ, саноати химия, алоқа, агротехника, агрохимия, растанпарварӣ, ҷангалпарварӣ, сабзавоткорӣ, гулпарварӣ ва чорводорӣ иборат мебошад.

      Ҳоло масъулони шуъба Дадобоева Зайнура (сардори шуъба) Баҳриддинова Фотима ва Ҷабборова Мавзуна мебошанд.