ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

     Бо мақсади баланд бардоштан ва пешрафти соҳаи китобдорӣ тибқи фармони Вазорати маданият таҳти № 263 аз 1.01.1956 дар назди китобхона шуъбаи илмӣ-методӣ таъсис дода шуд.

     Шуъбаи илмӣ-методӣ яке аз шуъбаҳои асосии китобхона маҳсуб меёбад. Вазифаи асосии он ҳамчун  маркази методӣ аз расонидани бевоситаи ёрии амалӣ-методӣ ба китобдорони Китобхонаҳои вилоят иборат мебошад.

     Ҳамасола дар асоси ҳисоботҳои пешниҳодшудаи КСМ, шуъбаҳои китобхона ва китобхона-филиалҳои он ҳисоботи хаттии солонаи вилояти Суғд омода мегардад.

     Дар шуъбаи илмӣ-методӣ айни замон  Қаландаров Абдулазиз (сардори шуъба), Юнусова Мавлуда, Ҷўраева Умеда, Манонова Моҳира, Ҳоҷибоева Хайринисо фаъолият мебаранд.