Мирсаидов Баҳром Тоҳирович 20 –уми декабри соли 1976 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷик (1999) ва шӯъбаи аспирантураи (2003) Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мебошад. Соли 2004 дар мавзӯи «Тимсоли бадеии паррандагон дар назми ирфонии асрхои миёна (асрҳои ХI-ХIII)» зери роҳбарии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Носирҷон Салимӣ рисолаи номзадии хешро дифоъ намудааст. Аз соли 1999 инҷониб дар факултаи филологияи тоҷики ДДХ, кафедраҳои забони форсии муосир (2000-2004), адабиёти муосири тоҷик (2004 то имрӯз), Маркази пажўҳиши тамаддуни давраи Сомониён, рўзномаҳои «Нури маърифат» ва «Тоҷикони дунё» фаъолият карда меояд. Дар канори ин, бо соҳаи китобдориву китобшиносӣ дар вилояти Суғд пайванди амиқ дорад.

Ӯ 13 –уми ноябри соли 2002 ба ҳайси мудири шӯъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири китобхонаи мазкур корро оғоз намуд. Аз 1-уми октябри соли 2005 то 16-уми феврали соли 2015 вазифаи муовини сарвари китобхона оид ба корҳои илмӣ-методӣ бар ӯҳда дошт. Инчунин номбурда аз 4-уми марти 2015 то 19-уми августи соли 2016 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаъолият намудааст. Ба қалами Мирсаидов Баҳром якчанд дастурҳои илмиву методӣ мутааллиқ аст ва зери таҳрири номбурда маводи зиёди дастурии соҳавӣ ба нашр расидаанд. Мавсуф барои роҳандозии ҳамкориҳои судманди китобхона бо бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, баргузории маҳфилҳои «Суханварони Суғд», «Адибони ҷавон», «Адибони ваҳдатсаро», «Ганҷи сухан», «Асрори сухан», «Баҳористон» дар китобхонаи вилоятӣ ва донишгоҳ масъулияти ҳамешагӣ дорад.

Мирсаидов Баҳром узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон (2005), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007), Барандаи ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Падида» ба номи Носирҷон Маъсумӣ (2008, соҳаи адабиётшиносӣ), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) маҳсуб меёбад. Соли 2010 монографияи илмии ӯ бо номи «Тимсоли бадеии паррандагон дар назми ирфонии асрҳои миёна» (асрҳои ХI-ХIII) ва соли 2014 рисолаи дигари ӯ таҳти унвони «Ҳусомуддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён» ба табъ расидааст.

Дар боби омӯзишу таҳқиқи мероси аҳди бостон, адабу фарҳанги авастоӣ, адабиёти ирфонӣ, таърихи адабиёт, шеъру насри муосир бештар аз 60 мақолаи илмӣ, инчунин ду рисолаи хурди илмӣ (бо ҳаммуаллифӣ) эҷод намуда, зиёда аз 200 навиштаҳои мухталифи публитсистии ӯ дар матбуоти имрӯз мунташир гардидаанд. Дар семинарҳои омӯзишӣ, конференсияҳои байналмилалӣ ва намоишҳои китоб дар кишварҳои Казоқистон (2009), Эрон (2010, 2015), Туркия (2011) ширкат намудааст. Ҳоло дар мавзӯи «Муаммои таҳаввули сужет ва образ дар маснавиҳои ирфонӣ (дар мисоли маснавиҳои Саноӣ, Аттор ва Мавлавӣ)» пажӯҳишоти худро идома медиҳад. Санаи 22-юми августи соли 2016 сарвари Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таъин гардид. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.