Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

”Родмарди милитсияи тоҷик”

”Родмарди милитсияи тоҷик” асари тарҷумаиҳолии ба қалами муаррих Усмонҷон Ғаффоров, ки ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии генерал-майори милитсияи тоҷик Абдуманнон Ғозиев бахшида шуда, ба муносибати 70-солагии номбурда дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 420 саҳифа (бо аксҳо) соли 2017 интишор ёфта, аз тарафи муаллиф санаи 16-уми феврал ба Китобхона ҳадя шудааст. 

“Барака Бобоева”

“Барака Бобоева” асари тарҷумаиҳолӣ аз Силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” ба қалами муаррих Усмонҷон Ғаффоров таълиф шудааст, ки он ба зиндагиномаи яке аз бонувони машҳури соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ Барака Бобоева (1917-1994) ихтисос ёфтааст. Асар соли 2017 дар нашриёти “Шарқи Озод”-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 256 саҳифа (бо аксҳо) нашр шуда, аз тарафи муаллиф санаи 16-уми феврал ба Китобхона ҳадя шудааст.

“Нобиға”

“Нобиға” рисолаи таҳқиқии муаррихон Усмонҷон Ғаффоров ва Аюбҷон Усмонов аст, ки ба рӯзгор ва осори академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.  Дар рисола кӯшиш бар он рафтааст, ки чеҳраи ин шахсияти барҷастаи миллати тоҷик ҳамчун роҳбар, ходими сиёсиву давлатӣ, олим ва муаррих мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирад. Дар асар маълумоти аҷиб роҷеъ ба паҳлӯҳои барои омма норавшани Қаҳрамони Тоҷикистон, суханҳои ҳикматноки ӯ оварда шудааст, ки арзиши маънавиро бар арзиши таърихиву илмии он зам мекунад.

“Шарҳи Сарҳангӣ” (шарҳи ғазалҳои мунтахаби Ҳофиз)

ба кӯшиши Ҷамолиддин Б. Одинаев таҳия шуда, чунончи аз мундариҷа ва пешгуфтори он бармеояд, шореҳ 50 ғазали Ҳофизи Шерозиро интихобан бо такя ба фарҳангҳо ва ҷаҳонбинии худ тафсиру ташреҳ додааст. Ин асар соли 2017 нашр шудааст.

Китобро муаллиф ба китобхона моҳи январи соли 2018 ҳадя кардааст.