Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

Асрори сухан

Асрори сухан 

Маҷмӯаи мақолаҳои устодону ва муҳаққиқони ҷавони факултети филологияи тоҷик аст, ки бахшида ба 100‑солагии Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Воҳид Асрорӣ(1917−1996) соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир”‑и шаҳри Хуҷанд ба чоп расида, барои журналистҳо, мунаққидону адабиётшиносон, аспирантону унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯён сарчашмаи муфиду судманд мебошад.

Китоб моҳи декабри соли 2017 ба Китобхонаи вилоятӣ аз тарафи дастандаркорони чоп ҳадя шуда, дар шуъбаи хониш ва шуъбаи хизматрасонӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Забон ва юрислингвистикаи тоҷик

Забон ва юрислингвистикаи тоҷик

Маҷмӯаи мақолаҳои забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шокиров Туғрал мебошад, ки соли 2013  дар нашриёти “Андеша”‑и шаҳри Хуҷанд ба ҳаҷми 192 саҳифа чоп шудааст.  Дар муқаддима мураттиб, номзади илмҳои таърих, дотсент Ғозиева Санавбар, ки китобро шартан ба чаҳор қисм ҷудо кардааст, чунин таъкид мекунад: Соҳиби китоб дар ҳар як мақолааш фикру андешаҳои тозаву ҷолиберо манзур доштааст, ки аз мутолиааш устодону шогирдон ва ҳаводорони забон, забоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, таъриху сиёсатшиносӣ баҳрае хоҳанд бардошт.

Китоб моҳи декабри соли 2017 ба китобхона ворид шуда, дар толори хониш ва шуъбаи хизматрасонӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Хусусиятҳои луғавӣ‑грамматикии феъл

Хусусиятҳои луғавӣ‑грамматикии феъл

Рисолаи илмии муҳаққиқи ҷавон Раҳмонов Бахтиёр аст, ки зери назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирбобоев А. соли 2017 тавассути нашриёти “Донишварон”‑и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 188 саҳифа ба нашр расидааст. Рисола аз чаҳор боб ва бист фасл иборат буда, маводи таҳқиқи он китоби “Таърихи Бухоро”‑и Абӯбакри Наршахӣ мебошад, ки дар асри ХI ба арабӣ таълиф ва асри ХIII ба форсӣ тарҷума шудааст.  Рисоларо худи муаллиф моҳи январ ба китобхона ҳадя кардааст.

Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман!

Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман!

Китобест инъикосгари таърихи таъсисёбии рӯзномаи ноҳиявии “Вахш” ба қалам ва таҳияи рӯзноманигор Аъзам Мӯсоев, ки соли 2017 дар нашриёти “Бухоро”‑и Душанбе дар ҳаҷми 168 саҳифа ба чоп расидааст. Дар китоб хотираҳову ёднавиштаҳои собиқ рӯзноманигорони рӯзномаи “Вахш” (соли таъсисёбӣ 1932, ном “Сохтмони зарбдори Вахш”) гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур барои ҳаводорони таърихи рӯзноманигории тоҷик ҷузъи маъхазҳои хуб ба шумор омада метавонад. Ин китобро худи муаллиф‑мураттиб санаи 23‑юми январи соли ҷорӣ ба китобхона ҳадя кардаст. Он дар шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ нигоҳдорӣ мешавад.