Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

Фарҳанги тоҷикӣ‑русии истилоҳоти ҳуқуқ

Фарҳанги тоҷикӣ‑русии истилоҳоти ҳуқуқ

Ҳосили таҳқиқу пажӯҳиш ва заҳмати забоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Шокиров Туғрал мебошад, ки соли 2013 тавассути ҶДММ “Наргис” дар шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 384 саҳифа мунташир шудааст. Ин асар зери назари доктори улуми филологӣ, шодравон Додихудо Саймиддинов(1949-2017) ва бо тақризи докторони улуми филологӣ  Абдуҷамол Ҳасанов ва Толибҷон Ваҳҳобов рӯйи чоп омадааст. Фарҳанг шомили беш аз 3 ҳазор вожаву истилоҳу ифодаҳои соҳаи ҳуқуқ  аст ва барои донишҷӯён, кормандони соҳаи ҳуқуқ китоби рӯйимизӣ мебошад.
Китоб моҳи декабр соли 2017 аз тарафи муллиф ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя шуда, фақат дар толори хониш нигоҳдорӣ ва ба истифода дода мешавад.

Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ

Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ

Маҷмӯаи мақолаҳои низомиёну ҳизбиён ва муҳаққиқони тоҷик аст, ки дар партави сиёсати дурбинона ва инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии хатари умумибашарӣ, яъне терроризму экстремизм ба қалам омадааст. Ин маҷмӯаро номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Саидов Саидумрон ҳамчун мураттиб таҳия кардааст. Китоб соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир”‑и шаҳри Хуҷанд нашр шуда, моҳи январ аз тарафи мураттиб ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя гардидааст.

Вақте амр қонунро иваз мекунад...

Вақте амр қонунро иваз мекунад...
Маҷмӯаи мақолаҳо ва мусоҳибаҳои матбуотии номзади илми таърих, ходими давлатӣ, депутати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (1990‑1995), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (2000‑2005), генерал-майор Ҳабибов Абдулло аст, ки соли 2009 дар нашриёти “Ватанпарвар”, шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 160 саҳифа бо кӯшиши рӯзноманигор Ислом Юсуфӣ ва пешгуфтори Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун  нашр шудааст. Мусоҳибаҳо аз мавқеи иҷтимоӣ ва саҳму талошҳои як низомии вафодор ба Ватан ва содиқ ба савганди ҳарбӣ ҳикоят карда, баъзе паҳлӯҳои ҳанӯз норавшани ҳодисаҳои таърихии марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ, мақоми Артиши миллии Тоҷикистонро дар даврони таъсисёбӣ ва қувватгирӣ муайян месозад.

“Кишвари хуршед” (Ватаннома)

.“Кишвари хуршед” ё “Ватаннома”
Маҷмӯаи шеърҳои дар васфи Ватан сурудаи шоири маҳбубу маъруф Толиб Карими Озарахш аст, ки соли 2017 тавассути нашриёти “Анис” ба зевари табъ ороста гаштааст.

Намуна:

Ватан! Афсонапардозе туро афсона мехонад,
Ҳақиқатномаосоре ҳақиқатхона мехонад.
Яке дар кӯҳсори шодмонат қаср мебинад,
Яке кошонаи ғам дар бағал кошона мехонад.
Туро дар сарнавишти хеш меболанду меноланд,
Яке обод месозад, яке вайрона мехонад.
Якеро дар ғарибӣ як кафи хоки ту ҷондоруст,
Яке дар доманат ҳангомаи бегона мехонад.