Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

Ваҳдат– бақои миллат

Ваҳдат– бақои миллат  Маҷмӯаи мақолаҳои ҳайати профессорон ва омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аксари онҳо дар конференсияи илми-назариявӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Псшвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ироашуда мебошад. Маҷмӯа, аз 214 саҳифа иборат буда, моҳи январи соли 2018 дар чопхонаи “Офсет-Империя”-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Моҳи март ба китобхона ворид шудааст.

Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (№2)

Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (№2).  Китоб ба кӯшиши Мансурҷон Бойматов ва Икромҷон Турсунов мураттаб шудааст, аз 196 саҳифа иборат мебошад. Ин китоб соли 2016 дар нашриёти “Ношир” ба чоп расида, моҳи феврал ба Китобхона ворид шуда, дар шуъбаи толори хониш барои мутолиаи хонандагон нигоҳдорӣ мешавад.

Шаҳраки кушонии Сайёд

Шаҳраки кушонии Сайёд  Асар ба қалами Давлатхоҷа Довудӣ ва Абдувалӣ Шарифзода мансуб буда, аз натиҷаҳои хафриёт ва осори бостонии димнаи Сайёд маълумот медиҳад. Ин асар аз 112 саҳифа иборат буда, соли 2017 дар нашриёти “Эр-Граф”-и пойтахти кишвар мунташир шуда, моҳи март ба китобхона ворид гаштааст. Он барои бостоншиносон, таърихшиносон, муаллимону донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони таърихи кадими Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Абдулҳусайни Зарринкӯб – адабиётшинос ва мунаққид

Абдулҳусайни Зарринкӯб – адабиётшинос ва мунаққид  Ин китобро ҳамчун мавзӯи рисолаи номзадӣ аспирант Ирода Игамова зери назари роҳбари илмӣ, адабиётшинос Саидумрон Саидов соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир” дар ҳаҷми 172 саҳифа пеш аз дифоъ ба нашр расонидааст. Китоб моҳи март ба Китобхона ворид гардида, дар шуъбаи толори хониш нигоҳдорӣ мешавад. Рисола ҳамчун сарчашмаи илмӣ дар таълифи китобҳои илмӣ, таҳияи дастурҳо ва раҳнамои таълимӣ, навиштани корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм барои донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт, таърих ба кор меояд.