Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

“ДЕВОН”-И ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ

“ДЕВОН”-И ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ  “ДЕВОН”-И ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ  аз силсилаи “Ахтарони адаб” дар таҳияи ҳофизпажӯҳ Шарифмурод Исрофилниё соли  2015 бо ҳаҷми 480 саҳифа тавассути нашриёти “Адиб”-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Ин китоб девони комили бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аст. Аз муқаддимаи девон бармеояд, ки таҳиягар матни вироиши дувуми чопи форсии “Девони Ҳофиз” (Теҳрон, 2010) дар қироатгузинии интиқодӣ ба кӯшиши Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ ва Ҳошими Ҷовидро асос қарор дода, аз нашрҳои дигари ин девон низ истифода кардааст.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.

“ЁДНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ”

“ЁДНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ”“ЁДНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ” маҷмӯаи мақолот мебошад, ки он аз тарафи адабиётшиносон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев гирдоварӣ ва таҳия шуда, таҳти назар ва таҳрири профессор Абдунабӣ Сатторзода соли 2014 дар ҳаҷми 460 саҳифа дар нашриёти “Шаҳпар”-и шаҳри Душанбе нашр шудааст. Ин маҷмӯа аз мақолаҳои пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ, ки ба муносибати конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таълиф гардидаанд, фароҳам омадааст. Дар баргузории конфронси мазкур ва чопи ин китоб Сафорати Ҷумҳурии халқии Чин дар Тоҷикистон, ҶСШК “Тоҷиксодиротбонк” ва Бемористони Ибни Сино саҳм гирифтаанд.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.

“ЛЕКСИКА ВА ФРАЗЕОЛОГИЯИ ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚ”

“ЛЕКСИКА ВА ФРАЗЕОЛОГИЯИ ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚ”

“ЛЕКСИКА ВА ФРАЗЕОЛОГИЯИ ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚ” рисолаи олими лаҳҷашинос Ӯзбеков (Вайдуллозода) Салоҳиддин мебошад, ки соли 2014 бо ҳаҷми 184 саҳифа дар нашриёти “Нури маърифат”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.Китоб аз шумори аввалин таҳқиқотест, ки мухтассоти лаҳҷаи тоҷикони деҳаи Андарақи Ҷумҳурии Қирғизистонро фаро мегирад. Дар рисола таркиби луғавии лаҳҷа, вожаҳои классикӣ дар забони мардум, таҳқиқи диалектизмҳо, аз ҷумла диалектизмҳои иқтибосии арабиасл, туркию ӯзбекӣ, русӣ-байналмилалӣ, вожагони хос, мансубияти диалектизмҳо ба ҳиссаҳои нутқ, гурӯҳбандӣ ва сохтори диалектизмҳо, қабатҳои луғавию маъноӣ, хусусияти луғавию маъноии таркиби луғавӣ, гурӯҳбандии фразеологизмҳои лаҳҷавӣ аз лиҳози тобишҳои маъноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.


“ДОСТОНИ АФСОНА ДАР АДАБИЁТИ КӮДАКОН”

“ДОСТОНИ АФСОНА ДАР АДАБИЁТИ КӮДАКОН”“ДОСТОНИ АФСОНА ДАР АДАБИЁТИ КӮДАКОН” (тадқиқи сарчашмаҳон жанр) рисолаи муҳаққиқи адабиёти атфол шодравон Мавлудахон Файзуллоева мебошад, ки  2013 дар нашриёти  “Нури маърифат”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳаҷми 236 саҳифа нашр расидааст. Китоб ба тадқиқи мазмуну мундариҷа, сарчашмаҳои асосии яке аз жанрҳои маъмули назми кӯдаконаи тоҷик- достони афсона бахшида шудааст. Муаллиф дар заминаи омӯзиши мероси шифоҳии халқ, адабиёти классикии тоҷик ва адабиёти кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил омилҳои сайри сужетҳо, образҳо, персонажҳо ва такомули жанри афсонаро баррасӣ намудааст. Ба ҷуз рисола якчанд мақолаву такризоти мунтахаби муаллиф низ дар бахши дуюми китоб омадааст.  

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.