Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

Китоби “Ҳаракати тарҷума дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои VII-Х)” ба таҳқиқу баррасии ду марҳалаи муҳими ривоҷи ҳаракати тарҷума – тарҷумаи осори паҳлавӣ ба арабӣ дар садаҳои VIII-IX ва тарҷумаи осори арабӣ ба форсии дарӣ дар асри X бахшида шудаст. Ду марҳалаи мазкур дар эҳёи Аҷам ва рушди тамаддуни исломии халқҳои форсу тоҷик нақши муҳим ва созанда доштааст.  Муаллиф – адабиётшинос Ҳамробоев Насимҷон  дар асар талош бар он намудааст, ки  дар заминаи муайянсозии густариши мактаби тарҷума ва мақоми маъруфтарин мутарҷимон, таҷзияву танаввуи осори тарҷумашудаманзараи ҷомеи ташаккул ва таҳаввули харакати тарҷумаро аз оғоз то асри X ҳатталимкон  барои алоқамандони адабиёти Арабу Аҷам равшану барҷаста мунъакис созад.

Асари мазкур соли 2016 тавассути нашриёти Меъроҷи шаҳри Хуҷанд  дар ҳаҷми 304 саҳифа, бо теъдоди 350 нусха чоп шуда, барои муҳаққиқон, донишҷуён ва алоқамандони соҳаи адабиётшиносӣ  тавсия мегардад.

Китоби дарсӣ дар нашриёти «ЭР-граф»-и шаҳри Душанбе соли 2017 дар ҳаҷми 424 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха нашр гардидааст. Ин китоб дар мувофиқат бо таркиби ҳатмии Стандарти давлатии маълумоти олии касбии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фанни «Маркетинг» барои як катор равияҳо ва ихтисосҳо аз тарафи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бозоров Шавкат омода гардидааст. Китоби дарси бо Қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 31/16 аз 30 декабри соли 2015 ба нашр тавсия шудааст. Дар китоби дарсӣ масъалаҳои назариявӣ ва самтҳои амалии маркетинг маҷмуан баррасӣ ва бо мисолҳои стратегияи маркетингии корпоратсияҳои машҳур ва кейсҳо тасвир шудаанд. Дар китоб ба таҷриба ва дурнамои маркетинг дар Тоҷикистон диққати махсус дода шудааст.

Китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва магистрантони ихтисосҳои иктисодӣ, аспирантҳо, шунавандагони мактабҳои бизнес ва менеҷмент, ҳамчунин маркетолог ва топ-менеҷерони корхонаҳои ватанӣ пешбинӣ гардидааст.

“Тоҷикистон ва Россия: сарнавишти ягонаи таърихӣ”“Тоҷикистон ва Россия: сарнавишти ягонаи таърихӣ”  китобест,  ки дар он маводи Конференсияи илмӣ - назариявии «Осиёи Марказӣ ва Россия: дӯстӣ ва ҳамкориҳои аз санҷиши замон гузашта» бахшида ба 150-солагии ҳамроҳ карда шудани Хуҷанд ба ҳайати Россия дар бар мегирад.  Мақолаҳои таърихшиносони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Россия, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таълиф ёфтааст, барои равшан кардани таърихи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ, дипломатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа бо халқи рус  нигаронида шудааст.

Ин китоб тавассути нашриёти “Нури маърифат”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2016 дар ҳаҷми 488 саҳифа нашр гардидааст.

Китоби мазкур навиштаи ходими давлатӣ, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил – Инъом Усмонӣ  мебошад, ки фарогири бардошҳои шахсии ӯ аз иштирок дар мулоқоту вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони мамлакат мебошад. Ин китоб ҳамчун меҳрномаи як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбати ҳодии тоҷикони ҷаҳон, Сарвари хирадманду нотакрори айём, Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншо гардидааст. Матни меҳрнома ба забонҳои англисӣ, русӣ тарҷума  гашта ва ба хати форсӣ баргардонида шуда, барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.

Китоб аз 124 саҳифа иборат буда, соли 2016 ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти “Ношир”-и  шаҳри Хуҷанд бо теъдоди  100 нусха нашр гардид ааст.