Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

11.03.2017 РӮЙХАТИ ТАВСИЯВИИ КИТОБҲОИ МУАРРИХИ БАРҶАСТА НӮЪМОН НЕЪМАТОВ БА ИФТИХОРИ 90-СОЛАГӢ

Таърихи халки тоҷикКитобдори шуъбаи толори хониш Баротова Шафоат санаи 3-юми март ба муносибати 90-солагии доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, шодравон Нӯъмон Неъматов зери сарлавҳаи «Муаррихи номовари тоҷик» рӯйхати тавсиявӣ тартиб дод, ки  дар он 17 номгӯи осори муаллиф ба забонҳои тоҷикиву русӣ фароҳам оварда шудааст. Китобҳои “Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои IХ-Х”(Душанбе, 1989), “Давлати тоҷикбунёди Сомониён” (Душанбе, 1999), “Таърихи халқи  тоҷик”(бо ҳаммуаллифон: Хуҷанд, 2008) аз асарҳои серхонандаи Нуъмон Неъматов ба шумор мераванд.

Давлати СомониёнАкадемик Нӯъмон Неъматов муаллифи беш аз 720 китобу мақолаҳои илмию оммавӣ буда, дар 148 конфронсу кунгураҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ширкат варзидааст. Ин олими бузург номи Тоҷикистон ва илми тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудааст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ