Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

15.06.2017 «КОРВОНИ КИТОБ-2017» ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар самти татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва болобарии рушди соҳаи китобдорӣ масъулони Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои тобеъи худ ва дигар ташкилоту кумитаҳо ҳамасола чорабиниҳои судманд доир месозанд. Яке аз чунин тадбирҳои манфиатбахш ташкил ва баргузории ҳаракати фарҳангиву маънавии «Корвони котиб» дар шаҳру вилоятҳои мамлакат мебошад. «Корвони китоб-2016» соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Кӯҳистони Бадахшон доир гашт.

 Имсол «Корвони китоб-2017» дар доираи татбиқи амалии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо саҳмгузориву ширкати масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги кишвар субҳи имрӯз вориди шаҳри Хуҷанд шуд, ки ононро сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ориф Набиев, директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром, аҳли адаб Муҳиддин Хоҷазод, Маъруф Бобоҷон, Улмаси Хол, Ҷӯра Юсуфӣ ва китобдорону алоқамандони китобу китобхона гарм истиқбол карданд.

Ба ин муносибат дар даромадгоҳи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиш-фурӯши китобҳо ва тақсимоти китобҳои «Корвони китоб–2017» ташкил карда шуд. Чорабинии фарҳангӣ бо сухани ифтитоҳии директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром, ки дар он сабаб ва мақсади ҷамъомад баён гардидаву масъулони имсолаи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2017» муаррифӣ шуд, ҳусни оғоз пазируфт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар бораи аҳамияти ҳаракати фарҳангии «Китоб-2017»  сухан ронда, зимнан таъкид бар он дошт, ки табъу нашри аксари китобҳои дар ин чорабинӣ ба намоиш-фурӯш гузошташуда ва ба тақсимот ҷудогардида тибқи дастуроти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунташир гаштаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро омили асоси болоравии рушди маънавии ҷомеа ва сатҳи маърифатии ҷавонони кишвар дониста,  дар муроҷиат ба иштирокчиён таъкид намуд, ки таблиғу ташвиқи аҳолии мамлакат ба китобхонӣ на фақат дӯшбори китобдорон аст, балки ҳар шаҳрванди бомаърифат дар ин самт бояд кӯшиш ба харҷ дода, саҳми худро гузорад.

Дар идома иштирокчиён ба намоиш-фурӯш ҷалб гардида, китобҳои барои худ писандро харидорӣ карданд. Намояндагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд китобҳои ройгони «Корвони китоб-2017»-ро аз муовини директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги кишвар Шавкат Ҳабибуллоев, ки ҳамчун масъули тақсимот дар ин чорабинӣ ширкат дошт, қабул карда гирифтанд.

Тибқи тақсимот намояндагони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, китобхонаҳои шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон маҷмӯан 2006 китобҳои тозанашрро бо маблағи 74 942, 07 сомонӣ тариқи ройгон аз ҳисоби Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда гирифтанд.

Мувофиқи маълумоти масъулони «Корвони китоб-2017» китобхонаҳои ноҳияҳои Зафарободу Мастчоҳ, шаҳри Истаравшан пурра ва баъзе шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргардида қисми зиёди китобҳои барояшон ҷудогардидаро бевосита аз нуқтаи Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг  дастрас кардаанд.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ