Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

11.08.2017. ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “КИТОБХОНАИ НАМУНАВӢ” ИДОМА ДОРАД

Ҳар гуна озмуну сабқати соҳавӣ дар миёни иштирокчиён рақобатеро бармеангезад, ки он сабаби рушду пешрафт мегардад.  Натиҷаҳои даври аввали озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ”  барҳақ будани ин гуфтаро тасдиқ месозад.

Масъулони озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ”   директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром,  ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ахмедов Аҳрор, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Қаландаров Абдуазиз аз санаи 2-уми август то 10-уми август ҳолати омодагии китобхонаҳои шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ Ҷаббор Расулов, Спитаменро мавриди санҷиш қарор доданд.

Тибқи маълумот  китобхона-филиали №23-и ноҳияи Спитамен (02.08.2017), китобхона-филиали №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (03.08.2017), китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон (04.08.2017), китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ (07.08.2017),  китобхона-филиали №5 шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон (08.08.2010), китобхонаи марказии Кӯҳистони Мастчоҳ (09.08.2017), китобхона-филиали №23-и деҳаи Ғусари шаҳри Панҷакент (10.08.2017) дар ҳудуди худ китобхонаи намунавӣ шинохта шуда, ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд.

Дар рӯзҳои наздик даври аввали озмуни мазкур дар шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳад гардид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

  No images found.