Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

22.09.2017 КИТОБДОРОНУ ОМӮЗГОРОН РӮЗИ РӮДАКИРО ЯКҶОЯ БАРГУЗОР КАРДАНД

Китобдорони китобхона-филиалҳои № 1, 3, 4 ва шуъбаи адабиёти бачагонаи Китобхонаи вилоятӣ санаи 22-уми сентябр дар МТМУ №12 ва №22 бо ҳамроҳи хонандагон ва муаллимон Рӯзи Рӯдакиро бо ташкили намоиши китобӣ, гузоришҳои ҷолиб доир карданд.

Дар чорабиниҳо муаллимаҳо Бобокалонова Дилором, Бегматова Рафоат (МТМУ №12) ва Очилова Меҳринисо (МТМУ №22),  хонандагон Мамадҷонова Азиза, Бобоева Мадина, Дадобоева Ситора (МТМУ №12) Юсупова Зебо, Қосимова Туҳфа, Раҳимов Парвиз, Саидов Анвар, Оқилов Шероз ва дигарон суханронӣ, шеърхонӣ ва нақш  иҷро карданд.

Сардори шуъбаи адабиёти наврасони Китобхонаи вилоятӣ Собирова Дилрабо ва масъулони китобхона-филиалҳои мазкур дар чорабинӣ ширкат намуда, саҳми худро дар пуртаъсиру самаранок ва рангоранг баргузор кардани Рӯзи Рӯдакӣ гузоштанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ