Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

Нахустин ҳадафи нависандаи асил аз таълифи асар мондагории ном нест, балки роҳнамоӣ кардани хонандагони худ дар роҳи расидан ба орзуҳову ормонҳои олии башардӯстона аст. Ин нукта дар маҳфилҳои гиромидошти аҳли қалам вақте иштирокчиён аз хислатҳои хуби инсонӣ ва афкори инсонгароёнаи онҳо суҳбат ба миён меоранд, бештар равшан мешавад ва ҳукми воқеият пайдо мекунад. Конфронси хонандагон, ки бахшида ба 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобир бо ташаббуси китобдорони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятӣ санаи 9-уми октябр дар китобхонаи МТМУ №12 доир гашт, андешаи мазкурро тақвиятан собит менамояд.

***

Нависандаи маъруфи тоҷик Юсуф Акобиров соли 1937 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро таваллуд шуда, маълумоти миёнаро он ҷо гирифта, таҳсилоти олияшро дар факултети филологияи тоҷику форси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1959 хатм кардааст. Вай дар вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули моҳномаи «Садои Шарқ», котиби масъули Кумитаи мукофоти давлатии адабии Тоҷикистон фаъолият бурда, соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гаштааст. Муаллифи китобҳои очерку њикоёти «Қандак гул кард» (1965), «Осмони соф» (1969), «Садриддин Айнӣ» (ҳамроҳи Ш.Ҳарисов; 1968, Маскав), романҳои «Замини падарон» (1974), «Норак» (1979), «Водии муҳаббат» (1980), «Дунё ба умед» (1980), мунтахаби очерку ҳикояҳои «Сайри дирӯзу фардо» (1980) мебошад. Соли 1980 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2001) мебошад. Юсуф Акобиров, нависандаи 12 октябри соли 2011 аз олам даргузашта, дар гӯристони Сари Осиё дар паҳлӯи қабри модараш ба хок супурда шудааст.

Манбаъ:
1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ). – Душанбе: Адиб, 2014, 320 с.–С. 34-35
2. Даргузашти муаллифи романи “Норак”. – санаи 12.10.2011 navid.tj

***

Конфронсро китобдори МТМУ №12 Ниёзова Дилрабо бо зикри ному осори нависанда ҳусни итифтоҳ бахшид. Мудири толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятӣ Собирова Дилрабо аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда ба хонандагон маълумот дод. Хонандаи синфи 7”б” Ахмедова Мижгона порчаи ҷолиберо аз романи “Замини падарон” ва хонандаи синфи 9”а” Шодиева Адиба ҳикояеро аз китоби “Сайри дирӯзу фардо”  ба ҳамсабақон нақл намуданд. Дар идома хонандагони синфи 6”а” таҳти роҳбарии муаллима Арипова Машҳура рақси гурӯҳӣ иҷро карда, ҳаммактабиёнашонро ба санъатдӯстиву зебоипарастӣ талқин карданд.  Байни хонандагон ба тариқи озмун саволу ҷавобҳо дар мавзӯи конфронс доир гашт.  Пешрафту кӯшиши хонандагонро дар охир муаллимаи забон ва адабиёт Бобокалонова Д. баҳогузорӣ кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ