Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

03.11.2017 НАМОИШ ВА МУАРРИФИИ КИТОБҲО ДАР ДАРСИ КУШОД

БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИЯИ ТОҶИКИСТОН, РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ 

Китобдорони Китобхонаи вилоятӣ  дар самти ҳамкорӣ бо омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳудуди шаҳри Хуҷанд тайи соли ҷорӣ тавонистанд, ки теъдоди зиёди истифодабарандагонро бо махзани китобии толори мазкур ошно созанд. Кормандони толори кӯдакону наврасон ва китобхона-филиали №7 санаи 3-юми ноябр дар МТМУ №12 шаҳри Хуҷанд  барои хонандагони синфи 6а ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурияи Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз намоиши китобӣ дар ҳошияи дарси кушод ташкил карда,  дар оғозу поёни дарс асарҳоро муаррифӣ намуданд.

Сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо ба хонандагон дар бораи мафҳумҳои Конститутсия, бобу модда, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, китобдори мазкур аз он хурсанд буд, ки  хонандагон матни гуфторҳо ва  ашъори аз тарафи ӯ интихобгардидаро дар васфи Пешвои миллат, Ватан Тоҷикистон, Парчам зуд ҳифз карда, хеле бурро ва бехато қироат намуданд.

Дар дарси кушод китобҳои зерин аз тарафи китобдори китобхона-филиали №7  Зоида Замира ба намоиш гузошта шуд ва муаррифӣ гардид:

 

  • Нодирҷон Солиҷонов. Саҳмгузорони ҳуқуқии истиқлолияти Тоҷикистон.– Хуҷанд: Хуросон, 2016.– 116 с.
  • Танзими ҳуқуқии фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М.З. Раҳимов. –Душанбе, 2004.–120 с.
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2012.– 160 с.
  • Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе: Шарқи озод, 2009. –520 с.
  • Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳрасти адабиёт / Мураттибон: Ш. Комилзода, М. Акбирова, М. Акобирова; Зери назари Н.Салимов.– Душанбе: Бухоро, 2012.– 206 с.
  • Иброҳим Калонзода. Тараннуми Истиқлолият (Маҷмӯаи шеърҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон, 55-солаги азхудкунии Мирзочӯл ва 50-солагии таъсисёбии ноҳияи Зафаробод).– Хуҷанд: Меъроҷ, 2017.– 124 с.
  • Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич).– Тоҷикистони муосир: масълаҳои мубрами истиқлоли миллӣ.–Душанбе: ҶДММ Контраст, 2016.– 608 с.
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳури Тоҷикистон- Душанбе, 22 декабри соли 2016
  • Аҳмадов Баҳридин. Иҷлосияи таърихӣ ва Пешвои миллат.– Хуҷанд: Хуросон, 2014.–244 с. бо расмҳо
  • Ғаффоров У. Иҷлосияи наҷотбахш миллат.– Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 2007. – 208 с. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ