Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

16.11.2017 СИЛСИЛАНАМОИШ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муассисаҳои фарҳангии кишвар чорабиниҳои гуногун доир шуда истодааст. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод эълон шудааст, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе имкони бештари тамошои чаҳорошёнаи Осорхона, аз ҷумла толори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро пайдо карданд. Ба ин монанд чорабинӣ, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти бемисли даврони Истиқлолияти миллӣ, Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон бо ташкили намоиши кушоди китобиву матбуотӣ, пахши слайд, суҳбату вохӯрӣ баргузор шуд, дар Китобхонаи вилоятӣ сурат гирифт.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром баъди ифтитоҳи расмии намоиш дар ин бора ба ВАО-и шаҳру вилоят иттилоъ дод. Ин намоиш таҳти «Пешвои миллат - раҳнамои миллат» ва «Президенти Тоҷикистон - Пешвои тоҷикони ҷаҳон» фарогири зиёда аз 100 китобу маҷалла мебошад, ки истифодабарандагон баробари тамошои асарҳои намоиши «Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар аксҳо» бо китобу асарҳои муаллифии Пешвои миллат ва китобу мақолаҳои беҳтарини дар ин мавзӯъ нашршуда аз наздик шинос шуда истодаанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ