Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

БОРБАДИ СОНӢ

(феҳристи китобҳо ва мақолаҳо бахшида ба 75-солагии
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Муродов)

Баробари хизматрасонӣ ва тарғиби китобҳои соҳаи санъат таблиғу ташвиқи санъати волои миллӣ, ҳунари сарояндагону навозандагони маъруф яке аз вазифаҳои китобдорони шуъбаи санъати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ мебошад.

Ҳар як қавму халқ дар тӯли садсолаҳо барои оромиш бахшидан ё бедор кардани рӯҳи миллӣ,  вусъатбахшиву тақвиятдиҳии ҳофизаи фарҳангии худ дар радифи шоирону нависандагон беҳтарин санъаткорон–сарояндагону навозандагонро ба саҳнаи таърих меорад. 

Дар таърихи фарҳангу мусиқии миллати мо тоҷикон теъдоди чунин афроди шинохтаву камназир зиёданд, ки ба якояки онҳо ин ҷо ишора кардан имкон нест. Зеро барои феҳрастгуна зикр кардани номи фақат сарояндагони номии асри ХХ санъати тоҷик худ чанд саҳифа лозим аст. Аммо хушбахтона, сухан дар бораи яке аз чунин сарояндагони номвар меравад, ки номи ӯ дар сархати ин феҳраствора қарор гирифта, овозаи овозаш ба тамоми ҷаҳон ҳанӯз дар даврони Тоҷикистони Шӯравӣ паҳн гардида буд. Кист ин инсони хушбахт, ки номаш вирди забони дирӯзиёну имрӯзиёну ояндагон аст? Ин инсони наҷиб, шахсияти шинохтаи фарҳангӣ ва, ба қавле, Борбади сонии тоҷикон устод Ҷӯрабек Муродов мебошад, ки сурудҳояш рӯҳнавозу ҷонбахшанд. Дар мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди беназири ҳунар ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ шоири маҳбубу маъруф, ҳамакнун Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода чунин хабар дода буд:

«Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст…. Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, ки... шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад».

Бар замми ин ҳама сифатҳои мумтози сарояндагӣ заҳмати шабонарўзии тозакориву бозофаринӣ барои ӯ имкон дод, ки бо афроди барӯманди адабиву фарҳангӣ ба монанди Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Раҷ Капур, Аҳмад Зоҳир, Муҳаммадризо Шаҷариён, Саттор, Пӯлод Булбул-уғлӣ, Зейнаб Хонларова, Вахтанг Кикабидзе, Роза Римбаева, Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, София Ротару, Шералӣ Ҷӯраев  ва дигарон аз наздик ошноӣ пайдо кунад ва бо онҳо иртиботи ногусастанӣ дошта бошад...

...Аз рӯйи нақша моҳи декабр китобдорони мо тасмим гирифтаанд, ки чорабиние бахшида ба 75-солагии  Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов баргузор намоянд. Ба ин муносибат барои алоқамандони шахсият ва ҳунари устод Ҷӯрабек Муродов бо истифода аз махзани шуъбаи китобҳои соҳаи санъат ва картотекаи мавзӯии “Сеҳри суруд”-и шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ феҳристворае омода намудем.

Хонандагон барои мутолиа китобҳои дар феҳриствора зикршударо аз махзани шуъбаи китобҳои соҳаи санъат, мақолаҳоро аз шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва матбуоти даврӣ пайдо карда метавонанд.

 

КИТОБҲОИ АЛОҲИДА ДАР БОРАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ:

  • Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов [Матн]/Тартиб. Ҳ. Ҷумъаев.−Душанбе: Ирфон, 1982. −279 с.
  • Олимақом[Матн]: Эҷодгари беҳамто/ Зери назари Муллозуҳур Тоҳирӣ .−Тошкент, 1995.−94 с.
  • Шарифова Мавлуда. Ҷӯрабек Муродов [Матн]/ М. Шарифова.−Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. −528 с.
  • Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов [Матн]: Дар ду қисм.−Хуҷанд: Ношир, 2012. −608 с. бо нотаҳо
  • Дурри ҷаҳонтоб [Матн]/Тартиб. Аскаралӣ Раҷабов.−Душанбе: Бухоро, 2015. −224с.


МАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ (интихобан):

  • Шеранова З. В песнях певца − душа[Текст]: В культурном центре г. Худжанда состоялась Республиканская научно-культурная конференция “Навоафрузи Ачам” посвященная 75-летию со дня рождения Народного артиста СССР Джурабека Муродова /З. Шеранова//Согдийская правда.−2017. −2 декабр
  • Ҳакимова С. Навоафрӯзи Аҷам [Матн]: Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Ҷӯрабек Муродов/С. Ҳакимова//Ҳақиқати Суғд.−2017. −28 ноябр
  • Зарафшонӣ, Ф. Ҳофизи миллат [Матн]: Дар бораи Ҷӯрабек Муродов/Ф. Зарафшонӣ//Паёми  Суғд.−2017. −№5. –С. 63-67
  • Саидзода С. Бозёфти устод “ё микрофон дар ҷайб” [Матн]: Ба истиқболи 75-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ /С. Саидзода//Баҳори Аҷам.−2017. −2 август
  • Шарифова М. Сеҳру суруд [Матн]: Дар бораи фаъолият ва эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов/М.Шарифова// Паёми  Суғд.−2016. −№7. –С. 56-64
  • Бақозода Н., Саидзода М. Ҷӯрабеки инсонгаро [Матн]: Дар бораи фаъолият ва эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов/Н.Бақозода, М.Саидзода// Нигоҳ.−2015. –23 декабр
  • Саидзода З. Суруд ин аст, ки Ҷӯрабек месарояд [Матн]: Дар бораи фаъолият ва эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов/З.Саидзода// Адабиёт ва санъат.−2015. –23 июл.
  • Муаррифии Китобномаи “Ҷӯрабек Муродов” [Матн]: Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М.Миршакар муаррифии китобномаи шарҳиҳолии “Ҷӯрабек Муродов”-и Қ.Авғонов баргузор гардид /Ш. Солеҳ//Баҳори Аҷам.−2014. −26 декабр
  • Ҷӯраев А. Ҷӯрабек Муродов ва фарҳанги тоҷик[Матн] /А. Ҷӯраев// Паёми  Суғд.−2013. −№4. –С. 58-61
  • Шодӣ А. Фарози Куруд [Матн]: Дар бораи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/А.Шодӣ// Адабиёт ва санъат.−2013. –3 январ
  • Озарахш Т. Офтоби ҳафтодсола [Матн]: Дар бораи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Т. Озарахш// Адабиёт ва санъат.−2013. –3 январ
  • Каримов М. Меҳрномаи шогирд ва мухлис [Матн]: Китоби тозанашри Ҳакималӣ Назаралиев бо номи “Воломақом” бахшида ба 70-солагии мавлуди Арбоби намоёни ҳунари тоҷик Ҷӯрабек Муродов/М.Каримов//Тирози ҷаҳон.−2012. –7 ноябр
  • Муҳиддинов Э. Шаҳсавори майдони ҳунар [Матн]: Бахшида ба 70-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Э.Муҳиддинов//Минбари халқ.−2012. –15 ноябр
  • Шаривоф Х. Ганҷи ҳунар [Матн]: Ба пешвози 70-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Т. Озарахш// Адабиёт ва санъат.−2012. –6 декабр
  • Ғаффоров У. Ҷӯрабек Муродов илҳомбахши устод Лоиқ буд[Матн] /У. Ғаффоров//Тоҷикистон.−2012. –6 декабр
  • Исомитдинов Дж., Рустамов Д. Творец и носитель традиционной музыки таджиков[Текст]: Посвящается 70-летию со дня рождения Народного артиста СССР Джурабека Муродова /Дж. Исомитдинов, Д. Рустамов //Согдийская правда.−2012. −12 декабр
  • Шарифзода Р. Меҳвари санъати миллат [Матн]:  Ба ифтихори 70-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Р. Шарифзода//Адабиёт ва санъат.−2012. –13 декабр
  • Ғаффоров У. Шаҳсутуни кохи санъати тоҷик [Матн]:  Ба ифтихори 70-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/У. Ғаффоров//Ҳақиқати Суғд.−2012. –13 декабр
  • Шокирова Г. Надида кас чунин устоди гулдаст [Матн]:  Ба ифтихори 70-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Г. Шокирова//Ҳақиқати Суғд.−2012. –15 декабр
  • Мастер [Текст]: К 70-летию Народного артиста СССР Дж. Муродова //Веч. Душанбе.−2012. −18 декабр
  • Набавӣ А. Тавофи каъбаи дил кардааст ӯ... [Матн]: Ба ифтихори 70-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/А.Набавӣ//Озодагон.−2012. −19 декабр
  • Аҳмадҷонова Б. Аз Ҷӯрабек Муродов бӯйи Акашариф Ҷӯраев меояд [Матн] /Б. Аҳмадҷонова// Тоҷикистон.−2012. –20 декабр
  • Салимов Н., Нурзод Н. Раҳоварде аз водии дилҳо[Матн]: Бахшида ба 70-солагии устод Ҷӯрабек Муродов/Н. Салимов, Н. Нурзод// Ҷавонони Тоҷикистон.−2012. –20 декабр
  • Талант покоровший поколония [Текст]: К 70-летию Народного артиста СССР Дж. Муродова //Азия-плюс.−2012. −20 декабр
  • Набавӣ А. Шаҳсутуни ҳунари муосири тоҷик [Матн]: Дар бораи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов /А. Набавӣ// Баҳори Аҷам.−2011. –29 декабр
  • Муродов Ҷ. Ривояти зиндаи Амрико[Матн]: Дар бораи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Ҷ. Муродов//СССР.−2011. − 8 декабр
  • Ҷӯрабеку Ҷонибек соҳиби ҷоиза шуданд [Матн]: Ҷӯрабек Муродов соҳиби Ҷоизаи “Достони зинда” дар ҷашнвораи “Вig Apple” гардид // Тоҷикистон.−2011. –7 декабр

МУСОҲИБАҲО ВА МАҚОЛАҲОИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ (интихобан):

  •  Муродов Ҷ. Санъат обрӯйи ҳукумат буд[Матн]: Суҳбат бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов/Суҳбаторо Т.Азиз//Тоҷикистон.−2016. −3 феврал
  • Муродов Ҷ. Санъати асил намемирад[Матн]: Бахшида Рӯзи Шашмақом/Ҷ. Муродов //Тирози ҷаҳон.−2015. −13 май
  • Давронов Д. Худо донад, чунин хуршеди тобон кай шавад пайдо[Матн]: Суҳбат бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Суҳбаторо Д.Давронов//Озодагон.−2014. −19 феврал
  • Муродов Ҷ. Шукрона мекунам[Матн] /Ҷ. Муродов//Тоҷикистон.−2014. −15 май
  • Муродов Ҷ. Бо илҳому нерӯи дучанд[Матн]: Арзи сипос/Ҷ. Муродов// Ҳақиқати Суғд.−2013. −2 феврал
  • Муродов Ҷ. Санъат сарчашмаи илҳоми ман аст[Матн]: Суҳбат бо устод Ҷӯрабек Муродов/Таҳияи М.Эшонқулова //Фармацевт вестн. Таджикистана−2013.−№ 2.−С.8-9
  • Муродов Ҷ. Ифтихори миллат[Матн]: Суҳбат бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов/Суҳбаторо Ҳ.Сулаймонӣ//Аноҳито.−2013.−№ 2-4.−С.5-7
  • Муродов Ҷ. Манбаи илҳоми ман халқ асту бас[Матн]: Суҳбат бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов/Суҳбаторо А.Абдумсамадов//Тоҷикистон.−2012. −№11-12.−С.19-21
  • Муродов Дж. Две силы определяют реальный талант− это Бог ин народ [Текст]: Беседа с нар. артистом СССР Дж. Муродовым /Подгот. М. Киромова//Азия- плюс.−2012. −24 декабр
  • Муродов Ҷ. Таҷаллии “Нури Хуҷанд” [Матн]: Суҳбат бо роҳбари ансамбли “Нури Хуҷанд” Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов/Таҳияи А. Аминзода ва Н. Турсунзода//Ҳақиқати Суғд.−2011. −8 ноябр

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ