Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

19.05.2017 ОЗМУНИ «ЛОИҚХОНӢ» ДАР БАЙНИ КИТОБДОРОН

Бо мақсади тарғиби ғояҳои ватанпарварӣ, ба Ваҳдату ягонагӣ ташвиқ кардани аҳолӣ, шиносонидани арзишҳои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маданият ва маърифати китобдорон тавассути ашъори баландғояи Шоири халқии Тоҷикистон  аз рӯи нақшаи кории шуъбаи илмӣ-методи санаи 19-уми май озмуни «Лоиқхонӣ» таҳти унвони «Модар яктост, Тоҷикистон яктост» байни 21 китобдори Китобхонаи вилоятӣ ва китобхона-филиалҳои тобеи он доир гашт. Мувофиқи шартҳои озмуни мазкур ҷои аввалро Акбарзода Дилрабо бо 49 хол аз шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир, ҷои дуюмро Шодиева Сурайё бо 48 хол аз шуъбаи электронӣ ва ҷои сеюмро Ҷалолова Мухбира бо 48 хол аз китобхона филиали №4 соҳиб шуданд. Китобдорони китобхона-филиали №6 Ёқубова Г. бо 47 хол, аз китобхона-филиали №2 Мирзохӯҷаева М. бо 44 хол, шуъбаи адабиёти хориҷӣ Ҳоҷибоева С. бо 44 хол,  шуъбаи махзани китобӣ Оқилҷонова М. бо 42 хол,  шуъбаи илмӣ-методӣ Ҷӯраева Умеда бо 42 хол фаъолона иштирок карданд.

Ғолибони озмун  бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ