Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ИҚТИСОДЧИЁНИ ҶАВОНИ ХАТЛОН ДАР ХУҶАНД / 29.01.2018

Бо мақсади шиносоӣ ва пешбурди лоиҳаи иқтисодии худ ҷавонони болаёқати синфҳои 11 аз вилояти Хатлон дар ҳайати гурӯҳи “Иқтисодчиёни ҷавон”, ки  таътили зимистонаи худро дар урдӯгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон мегузаронданд, ба Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ҳузур оварда, зимнан бо тарзи хизматрасонӣ ва хазинаи китобхона-филиали №5 ошно гашта, аз интернет ва  китобҳои электронӣ истифода бурданд. Онҳо маводи намоишҳои доимии “Омӯзиши забон – баҳри фардои дурахшон”, ”Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Президенти мо – ифтихори мо” – гӯшаи асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз назар гузарониданд.

Сардори гурӯҳ Аминов Аскар ба маъмурияти Коллеҷи техникӣ ва кормандони китобхона-филиал барои пазироии самимӣ ва хизматрасонии иттиллотии сатҳи баланд иҳзори миннатдорӣ намуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ