Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ТАҶРИБАОМӮЗИИ КИТОБДОРОНИ ОЯНДА ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ / 14.02.2018

Донишҷӯёни соли дуюми хониши шуъбаи китобхонашиносӣ ва китобшиносии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи нақша муддати як моҳ аз 8-уми январ то 8-уми март дар шуъбаҳои хизматрасонӣ ва ғайрихизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ бо роҳбарии муаллима Шодиева Гавҳар ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Назорат ва роҳнамоии онҳоро ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ Ҳакимова Мунира ба уҳда гирифта, дар раванди кор бо феҳрастҳои алифбоӣ ва мураттабӣ, махзани шуъбаҳо, тарзу усулҳои дурусти тасвиру таснифи китобҳо ва маълумот, ҷобаҷогузории баргакҳо, китобҳои тозаворид ва коркарди он ба онҳо маслиҳатҳо медиҳад. Баъзе мушкилоти донишҷӯёнро китобдорону китобшиносон низ дар ҷараёни хизматрасонӣ ҳал карда, ба пурсамар гузаштани таҷрибаомӯзиҳои онҳо мусоидат мекунанд.

Имрӯз донишҷӯён дар шуъбаи феҳристҳо ба таҷрибаомӯзӣ машғуланд. Ба онҳо сардори шуъбаи мазкур Дадобоева Заррина бо китобдорон ёрии амалӣ расонда, сабабҳои зуҳури хатоҳои онҳоро, ки дар камтаҷрибагӣ ва заъфи донишу фаҳмиши назарӣ аст, фаҳмонданд. Дар суҳбатҳои инфиродӣ ба донишҷӯён инчунин дар бораи феҳристи электронӣ, аҳамияти он дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии китобию иттилоотӣ маълумот доданд.

Донишҷӯён аз муносибати китобдорону китобшиносон ва шароиту имкониятҳои мавҷудаи Китобхонаи вилоятӣ  изҳори қаноатмандӣ карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ