Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

“ГАНҶИ СУХАН” ДАР МЕҲМОНИИ КИТОБДОРОН / 16.02.2018

Нишасти 159-уми маҳфили илмиву адабии  “Ганҷи сухан” санаи 16-уми феврал дар толори Китобхонаи вилоятии  оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ доир гашт. Нахуст маҳфилро Саидурмон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо барномаи маҳфил ошно намуд.

Дотсенти ДДХ  ба номи академик Б. Ғафуров Ислом Раҳимов дар мавзӯи “Ҳунар ва ҳунармандӣ дар осори суханварони тоҷик” ироа кард. Бахши муаррифии китобҳои тозанашр ва навгониҳои илмиву адабиро дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Қаюмова Фирӯза бар уҳда гирифта, аз конфронсҳо ва чорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки дар анҷоми соли 2017 ва оғози соли 2018 баргузор гаштааст, иттилоъ дода, аз нашри зиёда аз 20 китоби нав мужда расонд.

Маърӯзаи пурмӯҳтавои дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, директори Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи “Назаре ба рӯзгор ва осори нависанда Пӯлод Толис” шунавонида шуд. Муаллифи мақола дақиқназарона ба зиндагинома ва мероси адабии яке аз нависандагони навовар ва камназири тоҷик Пӯлод Толис, ки муаллифи беҳтарин асарҳои бадеӣ мебошад, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуд ва нуктаҳои ҷолибро дар мавриди сабку услуб ва қобилияти нотакрори нависанда дар офаридани асарҳои бадеӣ иброз намуд.

Сипас аз минбари адибон садои  шоираи соҳибқалам ва соҳибсухан Дилором бо ашъори  тозаэҷод баланд шуд ва ин  ашъори шоира бо самимият ва ҳассосияти худ дар дили маҳфилиён нақши муассир  гузошт.

Дотсент Саидов Саидумрон дар мавриди китоби тозанашри ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода андешаронӣ намуд ва худи муаллифи шеърҳо, ки бештар аз 20 номгӯ асари илмиву таърихӣ ва фиқҳӣ таълиф кардааст, бо хоҳиши аҳли нишаст чанд ғазали андарзӣ қироат кард. Сарояндагони хушадо Ҳусейнҷон Юсупов ва Содиқҷон Машарифов бо сурудҳои тозаи хеш бар матни ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд.

Дотсенти кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Шарифҷон Тоҷибоев, ки аз  сафари шаҳри Деҳлӣ баргашта буд, аз таассуроту бардошти хеш аз ҳамоиши илмии дар кишвари Ҳинд баргузор гардида нақл намуд.

Меҳмонони маҳфил китобҳои тозанашри худро ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ҳадя карданд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ