Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДӢ / 21.02.2018

Ватан ин сарзаминест,  ки инсон дар он ба дунё омадаву бо обу ҳаво ва нону неъмати он ба воя ва камол расидааст. Дилбастагии инсон ба обу хоки Ватан аз даврони кӯдакиву наврасӣ оғоз шуда, дар марҳалаҳои минбаъда рушд пайдо мекунад. Аз таърихи тамаддуни башар маълум аст, ки халқҳо барои ҳифзи як каф хоки Ватани азиз ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо нишон додаанд. Миллати тоҷик новобаста аз тобеияту истиқлолияти сиёсӣ ва марзиву маънавӣ аз оғози таърих то имрӯз байни миллатҳои дигар ҳамчун дӯстдору ободкори диёри худ эътироф шудааст. Ҷонбозиҳои Қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуди Панҷшерӣ, ки тимсоли воқеии “тоҷики гарданкашу лашкаршикан”-и охири садаи ХХ ва оғози садаи ХХI аст, ин гуфтаро ҳуқми тасдиқ мебахшад.

Боре рӯзноманигорон аз ӯ мепурсанд:Ҳудуди бештари кишварат дар ихтиёри хориҷиён аст, аммо ту бошӣ дар як гӯшаи он талош барои ҳифзу якпорчагии он дорӣ. Ин кӯшишҳо то кай идома хоҳанд дошт? Вай дар ҷавоб кулоҳашро аз сар гирифта мегӯяд: Агар ба ҳаҷми ҳамин як кулоҳ хоки кишварам дар ихтиёрам бошад, баҳри дифои он талош карданро барои худ шарт медонам! Ногуфта намонад, ки дар сулҳи тоҷикон саҳми ин тоҷики сарбаланду хушном ҳам зиёд аст.  Ин муқаддима барои он лозим шуд, ки гузаштаи миллати ватандӯсту қаҳрамонамонро бо имрӯзи он дар замони ҷории ҷаҳонишавӣ пайванд бахшем.

Таърихшинос, ходими давлатӣ, генерал-майори мустафъӣ Ҳабибов Абдулло зимни баррасии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз навиштаҳояш чунин гуфтааст: Суханони пурҳикмати Фирдавсии бузург – “Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор” ба низомиёни мо низ ҳатман тааллуқ дорад. Оре, барои ҳифзи марзу буми кишвар дар замони ҷаҳонишавӣ на фақат аскарону афсарони ҷасуру далеру корзордида, балки сарбозони ватандӯсти мутахассису донишманд ҳам лозим аст. Тарбияи маънавии чунин аскарбачаҳо аз оила, кӯдакистону мактабҳои таҳсилоти миёнаву олии мамлакатамон шурӯъ мешавад. Бо ин мақсад китобдорони китобхона-филиалҳои Китобхонаи вилоятӣ дар ҳамкорӣ бо мактаббачагону омӯзгорон ва масъулони қисмҳои низомӣ маҳфили муштарак бахшида ба 25-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карданд.

Яке аз чунин маҳфилҳо санаи 20-уми феврал дар осорхонаи МТМУ№3  бо ҷалби хонандагони синфи 11 таҳти роҳбарии муаллимаи фанни таърих Зокирова Мунира баргузор шуд. Китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда ҳамагонро хайрамақдам намуда, бо мақсади чорабинӣ ва мазмуну муҳтавои слайд ошно сохт. Дар идома гуфторҳо дар ситоиши Ватан аз тарафи хонандагон қироат гардида, суруд дар васфи Тоҷикистон аз ҷониби хонандаи синфи 11“а” Назарова Нодира таҳти оҳангнавози муаллими суруд Нарзуллоев Исфандиёр сароида шуд.  Устоди фанни омодагии дифои ҳарбӣ Ҳомидов Маъруф байни хонандагон мусобиқаи ҷудо ва насб кардани қисмҳои автомати Калашниковро гузаронид. Роҳбари осорхонаи МТМУ№3 Ахмедов Муҳаммадназар дар бораи қаҳрамониҳои фарзандони далери тоҷик дар ҶБВ (1941-1945) нақлҳои аҷиб кард. Сарбозон қисми низомии 03377 Исмоилов Шерхон ва Сангинов Бобоҷон бо ҳузур ва суханронӣ наврасонро барои хизмат ба Ватан даъват намуданд.  Китобдорони китобхона-филиалҳо намоиши калони китобӣ-матбуотӣ ташкил карда, ба хонандагони фаъоли маҳфил ва меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Ба ин муносибат санаи 21-уми феврал дар Китобхонаи вилоятӣ дар толори хониш, матбуоти даврӣ, толори наврасону кӯдакон намоиши кушоди китобӣ ва матбуотӣ дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас!” таҳия ва ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиали №5  дар МТМУ № 30 шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо номи «Ҳомиёни Ватан» баргузор шуд. Иштирокчиён нахуст намоиши китобӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумии таҳиякардаи китобдорон баҳравар гардиданд.  Дар маҳфил капитан, сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарби Комисариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Бурҳонов Муллошариф ва ҳамкори ӯ Ашӯров Муқим ширкат ва суханронӣ карданд. 

Иҷрои машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз тарафи хонандагони синфҳои 10-11 таҳти роҳбарии омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Мўминов Н. хеле ҷолибу мароқангез буд. Дар ҳузури меҳмонон бо роҳбарии сардори Созмони талабагии мактаби мазкру Қосимова М. хонандагон ба узвияти расмии Созмони талабагӣ пазируфта шуданд. Намоиши усулҳои муҳорибаи яккаи навъи каратэ дар иҷрои хонандагони синфҳои 6 ва 8, бародарон Каримов  Меъроҷ ва Муродҷон низ ҳаваси наврасонро ба варзиш ва саломатӣ бедор кард. Баъд аз хониши суруди умумии “Ватан” ба хонандагони синфи 9 гувоҳиномаҳои қайди ҳарбӣ  супорида шуд. Ҳамчунин ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ бо сипосномаю туҳфаи хотиравӣ хонандаи синфи 11 Мӯминова Сурайёро, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ варзиши сабук (давидан) ҷойи якумро ишғол кард,  қадрдонӣ намуд.  Маҳфилро китобдорони китобхона-филиали № 5 Солиева Г. ва Зоҳирова  М. бо арзи миннатдорӣ ва ҳадясупорӣ ба меҳмонон ва хонандагони фаъол ҳусни хотима бахшиданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ