Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ФУРӮҒИ ШЕЪРИ ҶОНПАРВАР / 21.02.2018

Бо ташаббуси кормандони шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир ва магистрантони факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори шуъба маҳфили ёдбуд таҳти унвони «Фурӯғи шеъри ҷонпарвар» бахшида ба 65-солагии шоири ширинкалом ва рӯзноманигори варзида Неъмат Оташ баргузор гардид.

Дар маҳфил магистрантони донишгоҳи номбурда, кормандони китобхона ва хонандагони Гимназияи забонҳои шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Дар толори шуъбаи дастхатҳо намоиши китобию матбуотӣ таҳти унвони «Шоир ва рӯзноманигори оташинсухан» ташкил ва пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Сардори шуъбаи дастхатҳо Ноил Мирзозода нахуст меҳмононро ба китобхона хайрамақдам гуфта, ҷамъомадагонро бо ҳадафи ташкил ва шартҳои гузаронидани маҳфил ошно сохт ва аз аҳамияти гузаронидани чунин чорабиниҳо низ изҳори назар намуд.

Муовини директор оиб ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна суханронӣ карда, ёдовар шуд, ки ин маҳфил дуюмин чорабинии моҳи китобхона дар гиромидошти шеъру шахсияти шоиру рӯзноманигор Неъмат Оташ мебошад.

Саркитобдори шуъба Акбарзода Дилрабо доир ба зиндагиномаи Неъмати Оташ баромад карда, аз ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти адабиву матбуотии шоирро барои аҳли маҳфил сухан гуфт.

Оқилҷонова Мунира – китобдори дараҷаи аввал, доир ба асарҳо ва ашъори ҷудогонаи Неъмати Оташ, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанду дар китобхона нигаҳдорӣ мешаванд, ба иштирокдорон маълумот дод.

Хонандагони Гимназияи забонҳои шаҳри Хуҷанд: Суннатуллоҳ Илҳомӣ, Расулова Азиза, Бобоҷонова Сабрина, Дониёрова Азиза аз эҷодиёти Неъмати Оташ шеърҳо қироат карданд.

Магистранти кафедраи адабиёти классики тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров, Саидов Исмоил бо маърӯзаи «Васфи ватан-модар дар шеъри Неъмат Оташ» баромад карда, мавсуфро аз беҳтарин  шоирони вассофи Ватан баршумурд. Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки Неъмат Оташ ду сол ҳамчун тарҷумон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хизмати ҳарбӣ кардааст ва ин ду сол ба ҷаҳонбини маънавии шоир сахт таъсир расонидаву нишонаҳояш дар ашъори ӯ эҳсос мешавад.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ