Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

МАКТАББАЧАҲОИ НОҲИЯ ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ / 24.02.2018

Ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва мутолиаву омӯзиш дар толорҳои хониш аз ҳадафҳоест, ки дар амалишавии он на фақат китобдорон, балки бояд ҳар як фарди бомаърифати кишвар саҳми худро гузорад. Аҳли ҳикмату ирфон бар он назаранд,ки инсон бештар аз воситаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳу истифодааш таъсир мепазирад ва ин таъсирпазирӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, талош бояд кард, ки инсон новобаста аз синну сол, касбу пеша, мавқеи иҷтимоӣ ҳар рӯз муддати муайянеро барои китобхонӣ ҷудо кунад, яъне бо китоб бошад. Зеро китоб беозортарин дӯст асту беозориро дар тиннати ҳамнишини худ мепарваронад. Бо дарки ҳамин нукта омӯзгорони макотиби таҳлсилоти миёнаи шаҳру навоҳии вилоят кӯшиш бар он доранд, ки хонандагони синфҳои поёниро бештар ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб намоянд.

Бо роҳбарии муаллимаҳои МТМУ№14 шаҳраки Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Китобхонаи вилоятӣ ҳузур овардани 58 нафар мактаббачаҳои синфи чору панҷ далели ин гуфта шуда метавонад. Чунончи аз суҳбати омӯзгорон аён шуд, онҳо, на фақат барои шиносоӣ бо толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятӣ, балки барои тамошои бо Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дигар ҷойҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанд низ омадаанд. Онҳоро ҷонишини директори Китобхонаи вилоятӣ оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира ва китобдори толори мазкур раҳнамоӣ карданд. Хонандагон бо завқ ба ороишоту аёниятҳо, шиору овеза ва аксҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, чанде аз онҳо ба ин толор барои узвият ва мутолиаи минбаъда номашонро сабт карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ