Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КИТОБХОНАҲОИ ВИЛОЯТ / 27.02.2018

Бахшида 25-солагии Артиши Миллӣ дар давоми ҳафтаи сипаришуда  китобдорони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои гуногун доир карданд, ки фишурдаи онҳо дар поён оварда мешавад.

ГУЛИСТОН

Ташаббусу иқдоми китобдорони шаҳр барои дар сатҳи шоиста таҷлил кардани 25-солагии Артиши Миллӣ дар он зоҳир шуд, ки онҳо дар ҷалби ҷомеа ба ин муносибати диққати ҷиддӣ дода, барномаи рангину пуртаъсир таҳия ва пешкаш карданд.

ДЕВАШТИЧ

Китобдорони ноҳия дар Китобхонаи марказӣ дар ҳамкорӣ бо  масъулони Қисми низомии 05533 озмуни “Родмардони ҳозирҷавоб” баргузор карданд. Озмун дар толори Қасри фарҳанги ноҳия доир гашт.  Аскарон Рустамов Шавкат, Холов Аҳлиддин, Содиқов Комрон, Алиев Абӯбакр, Бобоев Парвиз дар озмун  ширкат карда, донишу ҷаҳонбиниашонро сайқал доданд.  Дар ин озмун хонандагон, аҳли зиё ва фарҳанг ва санъат низ ширкату суханронӣ карданд.

ИСТИҚЛОЛ

Санаи 15-уми феврал дар Китобхонаи марказии шаҳр маҳфил бо ҷалби аскарони Қисми ҳарбии 3501, зиёиёну фарҳангиён, мактаббачаҳо баргузор гашт. Дар он директори Китобхонаи марказӣ З. Ғайратзода, аҳли қалам, хонандагон суханронӣ ва баромадҳои ҷолиб карданд.
Санаи 26-уми феврал чунин чорабиниро дар кӯдакистони шаҳр ташкил ва баргузор кардани китобдорон аз саҳму талоши онҳо дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ дарак медиҳад.

КОНИБОДОМ

Дар Китобхонаи марказии ба номи Абдураҳмон Ҷомӣ бо иштироки намояндагони Қисми ҳарбии  04080–  капитан, ёрдамчии фармондеҳ оид ба корҳои ҳуқуқӣ Д. Ҳасанов, сарбози қаторӣ А. Алиев ва ҷанговари интернатсионалист О. Қосимов вохӯрӣ доир шуд. Хонандаи фаъол М. Ҳошимова, директори Китобхонаи марказӣ Г. Собирова, ҳофиз Б. Ҳамдамов, талабаҳои МТМУ№7, 32 гузоришу суханронӣ, нақшофарӣ ва ҳунарнамоӣ карданд.

СПИТАМЕН

Дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия китобдорон “Хизмати аскарӣ - нанги ватандорӣ” ном маҳфилро баргузор карданд. Омӯзгори муассисаи таълими мазкур М. Мамадиева ва донишҷӯён Исломҷон Мирмуҳаммедов, Самандар Норбӯтаев, Элдор Атобоев, Илҳом Турсунқулов,  Орифҷон Мирзоев, китобдорони китобхонаи марказӣ М. Раҳимова, Ш. Бобоева дар мавзӯи Артиши миллӣ ва ҳифзи Ватан, маърӯза, суҳбат, шеърхонӣ карданд.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ