Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

РӮЗИ МОДАР БО ХОНАНДАГОН / 6 - 7.03.2018

Ҳамкории китобдорон, ки дар наздик ё дар дохили муассисаҳои таълимӣ ба истифодабарандагон хизматрасонӣ мекунанд, бо омӯзгорону хонандагон дар ташкилу баргузории чорабиниҳои муштарак рӯз аз рӯз беҳтар гардида, самарабахшии он дар роҳи тарбияи маънавии мактаббачаҳо низ зиёдтар шуда истодааст.

Дар сатҳи баланд доиршавии чорабинии муштараки китобдорони китобхона-филиали №4 ва муҳассилини МТМУ№3 шаҳри Хуҷанд бар ин далел шуда метавонад. 

Дар муассисаи мазкур санаҳои 6 ва 7-уми март бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили идона “Зан-чароғи хонадон” ва дарси кушод дар мавзӯи “Модарам-тоҷи сарам” баргузор гашт, ки дар он китобдор Ҷӯраева Умеда ҳамчун барандаи маҳфил ва ёридиҳандаи омӯзгор ширкат карда, дар мавзӯи мақоми модар дар ҷомеа барои хонандагони синфҳои болоӣ ва поёнӣ суҳбати кутоҳ, аммо пурмуҳтаво орост.


Дар чорабиниҳо директори муассисаи мазкур Алиева Замира ва Юлдошева Муҳайё (муаллимаи синфи 2“а”), муовини директор Аминова Паринисо ва хонандагони фаъол ширкат варзида, аз ҳамкорӣ бо китобдорон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ