Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

БУЗУРГДОШТИ АЛЛОМА САДРИДДИН АЙНӢ / 10.04.2018

Китобдорони китобхона-филиали № 5 шаҳри Хуҷанд бахшида ба 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон,  аллома Садриддин Айнӣ шуруъ аз санаи 6-ум апрел намоиши асарҳо ташкил карданд, ки он то 20-уми апрел идома хоҳад ёфт.

Китобдорон рӯзи оғозшавии намоиш ташаббус нишон дода, дар маҷлисгоҳи Коллеҷи техникӣ машварати мубоҳисавӣ бо мусоидати мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҳомидова Г., омӯзгорони фанни забон ва адабиёт Усмонова М. ва Раҳимова Б. барои донишҷӯёни соли хониши 1 ва 2 низ барпо карданд.

Нахуст филми ҳуҷҷатӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ намоиш дода шуд. Сипас  Раҳимова Б. дар бораи тарҷумаи ҳоли устод маълумот дод.

Китобдорон Солиева Г. ва Зоҳирова М. бо донишҷӯён  дар доираи асарҳои Садриддин Айнӣ ба монанди  “Ёддоштҳо”, “Марги судхӯр”, “Одина”, “Мактаби кӯҳна” мубоҳиса оростаанд.

Дар охир  озмуни “Китобхони беҳтарин”, ки  2 моҳ пеш аз ҷониби кормандони китобхона-филиали №5 баҳри ҷалби бештари хонандагон ба китобхона ва китобхонӣ эълон карда шуда буд,  ҷамъбаст гардид. Ҷои якумро донишҷӯи соли якуми таҳсил Раҳимов Ботур, ҷои дуюмро донишҷӯи соли дуюми таҳсил Набиев Рустам ва ҷои сеюмро донишҷӯи соли аввали таҳсил Шоҳонаи Ҳабибҷон соҳиб гардиданд.  Донишҷӯёни мазкурро директори коллеҷ Ғаффоров Ш.А. бо ифтихорнома сарфароз гардонид.

Баргузории намоиши китобҳо, машварат, ҷамъбастшавии озмуни муштарак аз он дарак медиҳад, ки ҳамкории китобдорони китобхона-филиали №5 бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи политехникии шаҳри Хуҷанд рӯз то рӯз вусъат ёфта, самарабахштар гашта истодааст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ