Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

БАҲРАБАРДОРӢ АЗ НАМОИШИ КИТОБҲО /10.04.2018

Санаи 10-уми апрел хонандагони синфҳои 2 ва 3 Мактаби Ирфон таҳти роҳбарии китобдор Раҷабова Наргиса, омӯзгорон Икромова Шаҳло, Исмоилова Дилафрӯз  ба Китобхонаи вилоятӣ омада, бо маводи намоиши китобҳои бахшида ба фестифали китоби кӯдакон ва наврасон таҳиянамудаи китобдорон ошно гардиданд.

Баъдан дар толори наврасону кӯадкон онҳоро сардори толори мазкур Собирова Дилрабохон бо истифода аз слайд бо ҳаёт, фаъолияти адабиву илмӣ ва хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айнӣ дар эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ суҳбат орост. Вай кӯшиш кард, ки бо саволҳои ҷолиб талабагонро ба қироати шеъру гуфторҳо аз аллома Садриддин Айнӣ водор созад.

Ба китобдор дар ин кор омӯзгорони талабаҳо мусоидат намуданд. Ҳамин тариқ, хонандагони синфи 2”а” ва 3”а” Каримов Абдураҳмон, Исломова Алия, Абророва Рухшона, Иброҳимов Муҳаммадрасул, Рӯзизода Нӯмонҷон аз ашъори нависанда шеърҳо қироат намуданд. Хонандагони синфи 3”а” Каримов Абӯбакр, Солиев Саидмаҳмуд, Расулова Маҳинахон баробари қироати шеъру гуфтор порчаҳо аз «Мактаби кӯҳна» нақл намуда, ба кадоме аз қаҳрамонон асар пайравӣ карданашонро гуфтанд. Бо даъвати китобдорон талабаҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд ба китобхона бо волидону бародарону хоҳаронашон барои обунашавӣ ва мутолиаи китоб хоҳанд омад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ