Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

МУАРРИФИИ КИТОБҲОИ ТОЗАВОРИД / 17.04.2018

Имрӯз дар ҳама соҳа усул ва роҳҳои гуногуни таблиғу ташвиқ бо мақсади ноилшавӣ ба дараҷаи баланди рушд ба кор гирифта мешавад. Китобдорон низ барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ тасмим гирифтаанд, ки аз муҳтавои китобҳои ба намоишгузошташаванда ҳудуди панҷ- ҳафт дақиқа барои хонандагон маълумот дода, онҳоро ба дастраснамоӣ ва идомаи мутолиа шавқманд намоянд.

Санаи 17-уми апрел китобдорони шуъбаи толори хониш Мирзоева Ш., Усмонова С. ва Расулова Д. 15 нусха китоби тозаворидшударо ба намоиш гузошта, ба навбат онҳоро барои хонандагон муарррифӣ карданд. Мақсади асосии китобдорон, на фақат бо муҳтавои китобҳои тозаворидшуда ошно кардани хонандагон буд, балки омӯхтани завқу ҷаҳонбинии онҳо ва талаботи маънавияшон ба китобу китобхона ба шумор мерафт. Бо рӯйхати китобҳои ба намоишгузошташуда ва муаррификардашуда дигарон низ метавонанд ошно шаванд. Китобҳои зерин дар шуъбаи толори хониш нигаҳдорӣ ва барои мутолиа  дар толор дастрас карда мешаванд:

  1. Игамова, Ирода. Абдулҳусайни Зарринкӯб–адабиётшинос ва мунаққид [Матн]: Рисола дар бораи Абдулҳусайни Зарринкӯб /Ирода Игамова.– Хуҷанд: Ношир, 2017. – 172 с.
  2. Раҳимов, Т.Р. Меҳри ҷарроҳ [Матн]: Саргузашти Темирхон / Т.Р. Раҳимов. – Конибодом – 2016.– 120 с.
  3. Теҳронӣ, Муҳаммадқулӣ Салими. Сад барги ғазал [Шеър] Ғазалҳои шоири асри XVII / Муҳаммадқулӣ Салими Теҳронӣ. – Хуҷанд. 104 с.
  4. Фозил, Абдулло. Дарси гузашта [Матн] /Абдуллои Фозил.– Хуҷанд: Тоҷпринт, 2017.– 228 с.
  5. Ғаффоров, У. Барака Бобоева [Матн]: Аз силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” / У.Ғаффоров. – Душанбе: КТН “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2017.– 256 с.
  6. Фарзона. Сини салом [Матн]: Гулчини ашъор / Фарзона. – Хуҷанд: Аврангпринт, 2018. – 160 с.
  7. Гулзод, Ҳоҷӣ Муллосангин. Девони Музтариб [Шеър] / Ҳоҷӣ Муллосангини Гулзод.– Хуҷанд: Ношир, 2018.–152 с.
  8. Ваҳдат – бақои миллат [Матн)] / Муҳар. Ф.Р.Шарифзода ва диг. – Душанбе. 2017. – 213 с.
  9. Саволномаҳои тестӣ аз забон ва адабиёти тоҷик [Матн]: Барои имтиҳони дохилшавии довталабон / Мураттиб. С.Кенҷаев.– Хуҷанд: Ношир, 2017. – 212 с.
  10. Одинаев, Ҷамолиддин. Шарҳи Сарҳангӣ [Матн]: Шарҳи ғазалҳои мунтахаби Ҳофиз / Ҷамолиддин Одинаев. – Теҳрон, 2017.– 232 с.
  11. Боқинома [Матн]: Ёддошт, мақола ва шеърҳо / Мураттиб Фирӯзаи Абдуқодир. – Душанбе: Адиб, 2018.– 320 с.
  12. Аминӣ, Аҳмадшоҳ. Чашмаи “Кавсар” [Шеър] / Аҳмадшоҳ Аминӣ.– Хуҷанд: Аврангпринт, 2018.– 38 с.
  13. Одинаева, И.Д. Дети Бобуччака [Повест]: Жители Хишевата / И.Д.Одинаева, Б.Д. Одинаева. – Тегеран, 2014, 187 стр.
  14. Одинаева, Д.Б. От Кабула до Тегерана [Тест]: Записки военного дипломата / Д.Б. Одинаева. – Тегеран, 2014. – 200 стр.
  15. Иҷлосияи тақдирсоз ва ташаккулёбии давлати миллӣ [Матн]: Маводи конференсияи илмию амалии олимони ҷавони вилояти Суғд, Хуҷанд, 13 ноябри 2017 / Муҳаррир С.Зарифзод. –Хуҷанд: Дабир, 2017.– 377 с.                                                                 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ