Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

АДАБИЁТШИНОС ВА МУНАҚҚИДИ БАРҶАСТА/1.05.2018

Нимаи дуюми санаи 1-уми май ба муносибати 85-уми солгарди ходими намоёни илмӣ ва ҷамъиятӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор зиндаёд Атахон Сайфуллоев бо ташаббуси маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ бо номи ”Адабиётшинос ва мунаққиди барҷаста”  доир гашт, ки дар он аҳли илму адаб, донишҷӯёну устодон ва пайвандони ин устоди сухан ва суханшиносӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Китобдорон намоиши зиёда аз 40 китоб ва даҳҳо мақолаҳои профессор Атахон Сайфуллоевро дар даромадгоҳи толор ташкил карданд, ки иштирокчиён нахуст аз он баҳравар гардиданд. Маҳфил дар толор бо намоиш додани слайди таҳиянамудаи сардори шуъбаи электронӣ Латипова Муҳайё, ки лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёт ва фаъолияти эҷодиву илмии адабиётшинос Атахон Сайфуллоевро ифода мекард, ҳусни оғоз пазируфт. 

Зимомдори маҳфил, директори Китобхонаи вилоятӣ, адабиётшинос Мирсаидов Баҳром бо баёни кӯтоҳ аз муҳимтарин корҳои адабиётшиноси марҳум ёдовар шуда, риштаи суханро ба ихтиёри Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод вогузошт ва номбурда низ баъди суханронии хеле самимӣ, ки паҳлӯҳои фаъолияти ҷамъиятиву илмӣ ва адабии профессор Атахон Сайфуллоевро фаро мегирифт, шеъри ба ин устоди адабиётшиносон бахшидаашро қироат кард. Чунин суханронӣ ва шеърхонӣ аз тарафи Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ сурат гирифт ва мавсуф ёдовар шуд, ки профессор Атахон Сайфуллоев – «императори мамлакати сухан» бо он ҳама серкорӣ новобаста аз пирӣ дар бораи ашъори ӯ низ китоби таҳқиқиеро дар муддати кӯтоҳ бо номи “Шоири дарёву саҳро” таълиф кардааст.

Гузориши хуби илмӣ аз тарафи адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Субҳони Аъзамзод бо номи “Профессор Атахон Сайфуллоев оинадори нақди адабиии тоҷик”  ироа гардид. Гузоришгар оид ба тадқиқот ва таълифоти мунаққиди шодравон ба таври фишурда маълумот дода, таъкид намуд, ки осорномаи ӯ худ ба як китоби сесадсаҳифа баробар аст ва ин далолат аз пурмаҳсуливу пурпаҳлӯии эҷодиёти муаллиф дорад. Дар идома хотирнишон кард, ки осорномаи мазкур дар ҳоли такмилу таҷдиди назар қарор дорад, зеро аз бойгонии адабиётшиноси пуркор осори омодаи чоп ва номунташир ба қайд гирифта шудаанд. Бино бар таъкиди ӯ профессор Атахон Сайфуллоев дар айншиносӣ, турсундзодашиносӣ, таҳқиқи равобити адабӣ, рушди нақди адабӣ, умуман равнақу ташаккули адабиётшиносии муосири тоҷик мақоми хос дошта, аз ҳар ҷиҳат шоистаи пайравӣ ва пажӯҳиши алоҳида мебошад.

Шоир ва рӯзноманигори шинохта, пири суханварон Усмон Олим, ки аз дарсхондаҳои мактаби муаллимии Атахон Сайфуллоев мебошаду худро шогирди ин устод мешуморад, баъди нақли андарзнок аз солҳои шогирдиву устодӣ, ҳамкориву ҳамнишинӣ хитобан насли ҷавонро ба арҷгузории илму адаб, китобу китобхона ва офаринандагони ин ганҷина даъват кард.

Забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҳикматуллоев Неъматулло аз кайфияти гирдоварӣ ва нашри осори ба нашр нарасидаи устоди равоншод, ки ба дасти пайвандону шогирдон анҷом ёфта истодааст, иттилоъ расонид.
Ҳамчунин ёдовар шуд, ки профессор Атахон Сайфуллоев ва муаррих Сайдулло Асадуллоев аз нахустин муҳаққиқон мебошанд, ки дар бораи хизматҳои бесобиқаи фарзанди фарзона, сулҳовару сулҳофари тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 асари алоҳидае бо номи “Президент Эмомалӣ Раҳмонов: дирӯз, имрӯз ва истиқболи Тоҷикистон” офарида, баробари ин аз моҳи июли соли 1997  то соли 2002 ба ҳайси раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият бурда, дар таҳкими сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштааст.

Дар поёни конфронс таъкид шуд, ки ин нишаст аз маҳфилҳои нахустини бахшида ба 85-умин солгарди шоиру нависанда, адабиётшиносу мунаққид Атахон Сайфуллоев баргузоршуда мебошад ва дар давоми сол дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ ба ин муносибат чорабиниҳои дигар баргузор хоҳанд шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ