Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

СУҲБАТ БО СОБИҚАДОРОНИ РАДИОИ ВИЛОЯТИ СУҒД/04.05.2018

Дар толори хониши шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ бо иштироки собиқадорони радиои вилояти Суғд ва кормандони ҷавони радиоҳои давлатӣ ва хусусии шаҳри Хуҷанд суҳбат дар мавзӯи радио ва нақши он дар ҷомеа ҳамчун равшангар доир гашт. Суҳбатро сардори шуъбаи мазкур Додобоева Зайнура оғоз карда, меҳмононро ба муносибати рўзи Радио таҳният гуфта, онҳоро ба иштирокчиён шинос кард. Дар идоа наворе дар бораи фаъолони радиои вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуд.

Собиқадори соҳаи радио, сармуҳаррири радиои «Замон», нависандаи ҳавҷнигор Абдуҳамид Ҷӯраев  дар баробари нақлҳо аҷиб аз ҷумла ёдовар шуд, ки соли 1972 фаъолиятро оғоз карда, бо шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ барномаи танқидӣ-ҳаҷвии «Ришханд»-ро таъсис доданд, ки он ҳаводорони зиёдро пайдо кард. Собиқадори дигар, танзимгари овоз, наттоқи барномаҳои фарҳангӣ Воҳидова Тӯтинисо, ки соли 1974 кори худро дар радиои вилояти Суғд оғоз кардаву то ба нафақа баромадан фаъолияти пурсамар бурдааст, аз даврони гузаштаи радио, шароит, мушкилот ва муҳаббати худ ба касб нақлҳои ширин намуд. Собиқадори дигари радио Муллоева Наҷминисо, ки аз соли 1972 то соли 1992 ҳамчун ровии барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ кор кардааст, рӯзҳои аввалини наттоқиашро ба ёд оварда, гуфт, ки аз синфи 10 баъди гузаштан аз озмун ба кор дар радиои вилоятӣ оғоз кардааст. Меҳмонон аз ташаббускорони суҳбат барои ҷалбу пазироии самимӣ ва чорабинии мухтасар, аммо муфид изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Баъдан миёни иштирокчиён ва собиқадорони кормандони радиоҳои шаҳриву вилоятӣ саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои забони барандаҳои радиоҳои хусусӣ ҳангоми пахши мустақим, ҳудуди паҳншавии мавҷ, муҳтавои барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бештар таҳия ва нашр кардани гуфторҳои адабӣ ва дигар муаммоҳои мавҷуда сурат гирифт. Тибқи маслиҳати собиқадорон кормандони ҷавони соҳаи радио пеш аз ҳама ба касби худ муҳаббат дошта бошанд, дараҷаи донишу малакаи кориашонро пайваста баланд бардошта истанд, бештар бо ҷомеа дар ҳамкорӣ бошанд ва баробари ба инобат гирифтани дархости шунавандагон ба раванди ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии онҳо таъсири мусбат расонида тавонанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ