Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

«МЕЪРОҶ» - МАТБААИ НАМУНА /11.05.2018

Муфовиқи маълумоти сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китоби Китобхонаи вилоятӣ Ғаффорова Раъно матбааи “Меъроҷ”, ки онро соҳибкори инфиродӣ Файзибоев М.М. роҳбарӣ мекунад, дар масъалаи саривақт дастраснамоии нусхаҳои ҳатмии ройгони китобҳои тозанашр аз беҳтарин нашриётҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Масъулони он ҳамасола њар семоња нусхаҳои ҳатмии ройгони китобҳои тозанашрро кӯшиш мекунанд, ки саривақт ба китобхона дастрас намоянд.


Санаи 10-уми май дастае аз нусхаҳои ҳатмии ройгони китобҳои тозанашри семоҳаи аввали соли ҷории матбааи “Меъроҷ” вориди шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китоб шуд.  Китобдори номбурда ҳангоми қабули китобҳо ба соҳибкори инфиродӣ Файзибоев Мубинҷон аз номи маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ миннатдорӣ баён карда, умедвор шуд, ки нашриётҳои дигари ҳудуди шаҳри Хуҷанд низ дар ин масъала аз масъулони матбааи “Меъроҷ” ибрат мегиранд.

Маъмурияти Китохонаи вилоятӣ