Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

НАТИҶАГИРИИ ОЗМУНИ «КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН» / 22.05.2018

Давраи ҷамъбастии озмуни «Китобхони беҳтарин», ки байни истифодабарандагони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва китобхона-филиалҳои он дар шаҳри Хуҷанд санаи 22-юми май ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гашт, номи чанд нафарро ба рӯйхати китобхонҳои беҳтарин ворид кард. Хотиррасон мешавем, ки даври аввали озмунро китобдорони китобхона-филиалҳо ва Китобхонаи вилоятӣ барпо карда, беҳтаринҳоро ба давраи ҷамъбастӣ пешниҳод карданд.

Дар даври ҷамъбастии озмун 7 донишҷӯ ва 19 хонанда ширкат варзида, ба саволҳои ҳакамон, ки аз рӯйи феҳристи асарҳои хондашудаи иштирокчиён ба онҳо дода шуд, ҷавоб гуфта, ҷойҳои худро ишғол намуданд.

Аз байни донишҷӯён хатмкунандаи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров –  Ҳошимӣ Фарзона, ки аз тарафи шуъбаи толори хониши Китобхонаи вилоятӣ ба даври ҷамъбастии озмун роҳ ёфта буд, бо ба даст овардани 30 хол сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷойи дуюмро донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Ҷабборов Нодир (29 хол), ҷойи сеюмро хатмкунандаи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров– Муқбилов Муқимҷон (27 хол) соҳиб шуданд.

Ҳамчунин донишҷӯёни шуъбаи китобдории факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров– Мамадҷонова Зуҳро, Ҷумаева Фархунда ва донишҷӯи соли аввали таҳсили Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд– Иноятов Шердод барои китобдӯстиву китобхонӣ ва ширкат дар озмун бо ифтихорномаҳои маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ қадрдонӣ гардиданд.

Озмун дар байни хонандагон хеле ҷолиб ва шавқовар гузашт. Хонандаи синфи 2 Гимназияи №4 Султонов Аъзам, ки соли гузашта низ дар озмуни вилоятӣ ширкат варзида буд, боз як бори дигар аъзои ҳакамон ва бародарону хоҳарони аз худаш калонро бо ҳозирҷавобӣ ва шеърхониву нақли ҷолиби мазмуни китобчаҳои хондааш ба ҳайрат овард. Аз ин рӯ, ҳангоми ҷамъбаст нахуст ба ӯ ҳамчун хурдсолтарин китобхони беҳтарин ифтихорнома ва туҳфа ҳадя карда, ба бибияш тавсия доданд, ки набераи зиракро бештар ба мутолиа ва ҳифзи матнҳои мансур мутаваҷҷеҳ созад ва ҳамкориро бо китобдорон боз ҳам тақвият бахшад.

Тибқи баҳогузории ҳакамон хонандаи синфи 9 Гимназияи «Кавсар» Қурбонбоев Ҷамшед (30 хол) (бо назардошти мутолиаи асарҳои сирф бадеӣ ва ҷавобгӯиҳои қаноатбахшкунанда) соҳиби ҷойи аввал гашт. Ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 9 литсейи №1 – Умарова Мафтуна (29 хол) (бештар тамоюл ба мутолиаи асарҳои илмии равоншиносӣ дорад), ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 9 литсейи №1– Фурқатзода Зебо (28)(донандаи забонҳои англисӣ, русӣ, испанӣ ва ҳамакнун ба омӯзиши забони хитоӣ машғул аст)муносиб дида шуд. Хонандаи синфи 9 литсейи номбурда – Ҳошимова Меҳринисо низ хеле фаъолона ширкат варзид, аммо бо сабаби ба эҳсос дода шудан ба як саволи ҳакамон ҷавоби дуруст дода натавонист. Бо машварати ҳакамон иштирокчии номбурда ҳам бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд ва ҳамчунин барои ширкат дар даври шаҳрии озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» роҳхат гирифт. Иштирокчиёни дигар низ ҳамчун китобхони беҳтарини китобхона-филиалҳои тобеи Китобхонаи вилоятӣ бо ифтихорномаи муассисаи мазкур сарфароз гардонида шуданд.

Барои иштирокчиён беҳтарин лаҳзаҳо ҳамон дақиқаҳо буд, ки гардонандаи озмун –китобдори китобхона-филиали №2 Қосимова Малика онҳоро ба шеърхониву нақли озоди асарҳои мутолианамудаашон даъват кард. Иштирокчиён ба навбат шеъру гуфторҳои ҷолибро дар васфи китоб, Ватан–Модар, Пешвои миллат ва дигар мавзӯъҳо қироат карда, маҳорати суханварии худро бори дигар дар назди ҳамсабқатонашон санҷиданд.

Ба ғолибону фаъолони озмуни «Китобхони беҳтарин» туҳфаҳо ва ифтихорномаҳоро директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром , роҳбари ҳакамон, муовини директор оид ба корҳои илмӣ Ҳамробоева Мавзуна, аъзои ҳакамон, сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Шомухадаминов Ноил  супорида, эълон намуданд, ки онҳо барои ширкат дар даври шаҳрии озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин»  бо омодагии ҷиддитар ҳозир шаванд.

Дар баргузории озмун хизмати ҳамаи китобдорони Китобхонаи вилоятӣ, китобхона-филиалҳои он, хусусан шуъбаи илмӣ-методӣ мавриди арҷгузорӣ қарор дода шуд ва дар корҳои ба намоиш гузоштани слайди иштирокчиёни озмун,  тайёрсозӣ, чоп кардани ифтихорномаҳо, корҳои ташкилӣ саҳмугзории китобдорони шуъбаи электронӣ ва муовини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира алоҳида таъкид гашт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ