Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

140-СОЛАГИИ НАШРИ “ҶАЗИРАИ ҶАВОҲИРОТ” / 30.05.2018

Китобдорони шуъбаи китобҳои хориҷӣ ва толори наврасону кӯдакон санаи 30-юми май бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ чорабиниеро бо номи “Китоби пурганҷ” бахшида ба 140-солагии нашри асари “Ҷазираи ҷавоҳирот”-и нависандаи маъруф Роберт Стивенсон  бо иштироки хонандагони Литсейи  №1 ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, МТМУ №34 ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин донишҷӯёни соли дуюми таҳсили факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва баргузор намуданд.

Чорабиниро сардори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Амонова Муҳаббат (бо забони давлатӣ) ҳусни оғоз бахшид ва ва иштирокчиёнро огоҳ кард, ки дар бораи китоби мазкур бояд бо  забонҳои англисӣ ва русӣ суҳбату суханронӣ намоем, зеро ҳадафи асосӣ аз ташкили ин маҳфилҳо мусоидат ба раванди забономӯзии шумост.

Донишҷӯи соли дуюми таҳсили факултети забонҳои хориҷӣ Қаландаров Мақсуд (ба забони англисӣ) дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии нависанда Роберт Стивенсон суҳбат кард.

Сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо муҳтавои “Ҷазираи ҷавоҳирот”-ро ба забони русӣ нақл намуда, ба хонандагон саволҳои ҷолиб дода, онҳоро ба ҷавобгӯӣ водор кард.

Дар рафти суҳбат слайди тақвиятдиҳандаи мавзӯъ ба намоиш  гузошта шуд. Аз асари «Ҷазираи  ҷавоҳирот» порчаҳои мансур ва манзумро хонандагони Литсейи №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ, толибилмони синфи 10”в” МТМУ№34 ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ваҳҳобов Нурулло, Юсупов Хуршедҷон (ба забони англисӣ) бо овози баланд хонданд. 

Донишҷӯёни соли дуюми таҳсили факултети забонҳои хориҷӣ Абдураҳмонов Рустамҷон, Ҳомидова Лобарҷон (ба забони англисӣ ва тарҷумаи тоҷикӣ) дар ҳамин мавзӯъ байни ҳамдигар суҳбат оростанд.

 Дар охир муовини директор ба корҳои илмӣ- методӣ Ҳамробоева Мавзуна назари худро оид ба тарзи суҳбату суханронии иштирокчиён  баён карда, чунин таъкид намуд:

“Шумо, наврасону ҷавонони Ватани азизамон, бояд баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба мутолиаи китобҳои бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) нашршуда аҳамияти махсус диҳед ва забони тоҷикиро хубтару беҳтар аз забонҳои хориҷӣ омӯзед. Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ бо ҳамин мақсад  дар шуъбаи китобҳои хориҷӣ гӯшаи махсус барои омӯзиши забони давлатӣ ташкил намуда, китобу сарчашмаҳо, фарҳангу луғатномаҳоро ба намоиш ва истифода гузоштааст. Умедворем, ки ин ҳама тадбирҳо барои рушди забономӯзии ҳар яки шумо мусоидат хоҳад кард”.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ