Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ДӮСТДОРИ КИТОБУ КИТОБХОНА ВА КИТОБДОРОН / 05.06.2018

(дар бораи фаъолияти меҳнатии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусова Мавлуда)

Саодате, ки дар зиндагӣ насиби қаҳрамони навиштаи мо – муаллима Юнусова Мавлуда шудааст,  аз оилаи фарҳангдӯсту маърифатпарвар ба дунё омадан ва дар муҳити маънавии солим парвариш ёфта, ба камол расидан, омода шудан барои зиндагонии мустақилона аст. Барои инсон ҳеч хушбахтие ба ин хушбахтӣ баробар шуда наметавонад. Зеро ин хушбахтӣ таҳкурсиест, ки бори ҳама хушбахтиҳои ояндаи ӯро бардошта метавонад. Ин аст, ки ҳамаи паёмбарон, донишмандону мутафаккирони олам таъсири тарбияи хонаводагӣ ва муҳити зистро аз муҳимтарин омилҳои рушди ташаккули шахсияти инсон мешуморанд ва дар асарҳояшон ҳамзамонон ва ояндагонро ба сохтани муҳити солими  моддиву маънавӣ раҳнамун месозанд.

Хуш ба ҳоли инсоне, ки ба муаллимаи меҳрубону хушсухан, китобдору китобшинос, методисту раҳнамо, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусова Мавлуда  монанд бошад, яъне баъди чандин соли фаъолияти самараноку намунавии меҳнатӣ бо сари баланду рӯйи сурх, бо як даста гулу туҳфаи хотиравӣ, бо суханҳои гарму самимии роҳбари муассиса ва ҳамкорони қадршинос, муҳимтар аз ҳама бо тани дурусту замири соф ба синни нафақа расад ва рӯзи расми гуселаш ҳам дар озмуни “Лоиқхонӣ” ҳамчун довари дилсӯз ба маҳорати шеърхониву шеършиносии ҳамкасбону шогирдони худ баҳои сазовор диҳад ва туҳфаҳо супорад.

Албатта, ин ҳама хушбахтиву хушҳолӣ барои қаҳрамони мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Волидони ин бонуи хушсухану ширинзабон барои тарбияву таълими вай ранҷ бурдаанд.

Падари бузургвори Юнусова Мавлуда инсони соҳибфазилат, меҳнатдӯст Юнусов Пиримқул ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист, депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон (солҳои 1955-1962) ном бароварда буд. Пеш аз ба фронт сафарбар шудан Пиримқул дар колхоз табелчӣ шуда кор мекард. Вай ҳамчун ҷанговар дар фронти 1-уми Украина бар зидди фашистон ҷангидааст. Баъди ҶБВ ӯро соли 1946 раиси колхози Дмитров таъин мекунанд. Пиримқул дар вазифаҳои раиси матбулот ва савдои Гули сурх ва Қалъаи баланд, Ӯротеппа (1949-1953), котиби аввали КҲ ноҳияи Шаҳристон (1956-1958), котиби аввали КҲ ноҳияи Ғончӣ (1958-1961), раиси колхози “Комсомол”(1961-1964) ва дигар вазифаҳо фаъолият бурдааст.

Ин мард бо ҳамсари вафодораш на фақат ҳамкасби моро, балки нӯҳ нафар бародару хоҳари ӯро низ тарбия карда, ба камол расонидааст. Дар муҳити оилаи серфарзанд, аммо ниҳоят меҳрубону тифоқ тарбияёбӣ муҳимтарин омили рушди ҳамаҷонибаи шахсияти фарзандони ин хонадон шудааст.

Қаҳрамони мо аҳли оила – волидон, бародарону хоҳаронашро ниҳоят дӯст медорад, хусусан номи падарашро бо ифтихор ба забон меронад ва ҳар як дастоварди худро дар зиндагӣ натиҷаи заҳмату ранҷҳои волидон медонад.

Ин бонуи қадрдон 23-уми январи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди таҳсили мактаби миёна соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро моҳи августи ҳамон сол ҳамчун омӯзгори мактаби №47 ноҳияи Хуҷанд шурӯъ намуда, баъдан дар Кӯдакистони №10 ноҳияи мазкур то соли 1988 ба ҳайси мураббия ба тарбияю таълими хурдсолон машғул шудааст. Аз санаи мазкур то моҳи ноябри соли 2002 муаллими фанни забон ва адабиёти руси МТМУ№15 шаҳри Хуҷанд ва аз соли 2002 то соли 2004 бо ифои ҳамин вазифа дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.

Аз 25-уми майи соли 2004 ҳамчун муҳаррири шуъбаи илмӣ-методӣ дар Китобхонаи вилоятӣ корро оғоз кардааст. Таҷрибаҳои дар кӯдакистон, мактаби миёна, омӯзишгоҳ андӯхтаро ба кор бурда, дар муддати кӯтоҳ байни ҷомеаи китобдорон маҳбубият пайдо намуд ва баъд аз ду моҳ то ба вазифаи методисти дараҷаи II боло рафт.  Моҳи окятбри соли 2005 методисти дараҷаи I шуда, аз 1-уми марти соли 2006 то моҳи январи соли 2009 вазифаи сардори шуъбаи илмӣ-методиро ба уҳда гирифт.

Бодиққатӣ, покизакорӣ дар муносибат бо ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз хислатҳои хуби касбии қаҳрамони мо мебошад, ки дар кам касон дида мешавад. Хати зебову хоно низ, ки бар ҳусни кори ӯ ҳусн зам мекард, аз муомилаву муоширати дараҷаи олияш бо ҳамкорону ҳамкасбон дарак медод. Собиқ директори Китобхонаи вилоятӣ Бобоев Алиҷон ҳамин хусусиятҳои фаъолияти кории ӯро ба инобат гирифта, сардори шуъбаи кадрҳо таъин намуд. Қаҳрамони мо дар тӯли 6 соли ба уҳда доштани ин вазифа (2009-2015) ҳамеша талош бар он мекард, ки сатҳу сифати хизматрасонии аҳолӣ бо китоб аз ҳисоби китобдорони болаёқат баланд гардад.

Дар ин давра китобдорони собиқадору ботаҷриба Шарипова Муътабар, Мирзоева Шафоат, Зарипова Хайринисо, Чернова Галина, Ҷӯраева Моҳинисо, Султонова Волида, Ҷалолова Мастура, Раҷабова Марҳабо, Мирзоева Шараф, Раҷабова Мавзуна, Қодирова Фотима, Ҳакимова Мунира ва дигарон, ки ба авҷи камолоти касбӣ ва соҳибтаҷрибагӣ расида буданд, ҳамчун пешсафон барои тарбияи насли нави китобшиносону методистон саҳм гузоштанд ва имрӯз ҳам чанде аз онҳо ин вазифаро бар уҳда доранд.

Сардори шуъбаи кадрҳо аз рафти фаъолияти ҳамарӯзаи афроди номбурда ва ҷомеаи меҳнатӣ огоҳ буд, шароити иқтисодиву вазъи зиндагии ҳар як китобдорро ба хубӣ медонист ва дар муносибат ба онҳо аз ҳамин дид амал мекард. Ин буд, ки кори китобдорон дар ташкили чорабиниҳо ва озмунҳои соҳавӣ ба марҳалаи нав баромад ва Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун маркази маърифату маънавият шинохта шуд.

Барои хизмати содиқонаву софдилонааш ӯ соли 2011 ба гирифтани нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гашт. Инчунин соли 2012 бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Тайи қариб се соли охир (2015-2018) ҳамчун методисти соҳибтаҷриба дар шуъбаи илмӣ-методӣ, ҳамон шуъбае, ки фаъолияти китобдории худро аз он ҷо ҳамчун муҳаррир шурӯъ карда буд, кор кард. Дар ин муддат ӯ ҳамроҳ бо методистони шуъба дар таҳияи якчанд маводи методӣ саҳми худро гузошт.

Яке аз корҳои библиографии алоҳидаи ӯ, ки “Кошонаи Саъдӣ” ном дошт, ба таърихи китобхонаи шахсии китобдӯсту китобхон, дорусози собиқадор, гиёҳшинос Акбар Бобохоҷаев дар Истаравшан бахшида шуда буд. Ин кори ӯ дар сомонаи Китобхонаи вилоятӣ моҳи октбяри соли 2017 ба нашр расид. Роҳи фаъолияти босамару бехалали қаҳрамони мо барои ҳамкасбон, насли нави китобдорон роҳи намуна мебошад ва аз ин роҳ рафтан ифтихор ҳам ҳисоб мешавад.

Санаи 21-уми май рӯзи озмуни ”Лоиқхонӣ”-и китобдорон ҳамкасби намунаи ибраташон – Юнусова Мавлударо бо тантана ба нафақа гусел карданд. Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром аз номи ҳамаи китобдорон ин бонуи муаддабу соҳибтаҷрибаро ба муносибати ба синни нафақа расидан таҳният гуфт ва туҳфаи хотиравӣ супорид. Дар навбати худ китобдори ботаҷриба бо ин сухани самимӣ “Ман китоб, китобхона ва ҳамаи китобдоронро дӯст медорам” эҳтироми худро ба ҳамаи ҳамкасбон баён дошт ва бори охир довари озмун шуд ва баҳогузорӣ кард. Дар охирин рӯзи фаъолияти меҳнатӣ ба уҳда гирифтани вазифаи доварӣ ва ба лаёқати шеърхонии ҳамкасбону шогирдони худ баҳогузорӣ карда тавонистан аз муҳаббати беандозаи ӯ ба соҳаи китобдорӣ дарак медиҳад.

Китобдорон ба ҳамкасби худ Юнусова Мавлуда тандурустиву фароғати рӯзгорро таманно менамоянд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ