Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

50 КИТОБ АЗ “НУРИ МАЪРИФАТ” / 07.06.2018

Такмилёбии махзани китобии шуъбаҳои Китобхонаи вилоятӣ аз ҳисоби нусхаҳои ҳатмии ройгон чун ҳамасола аз тарафи нашриёту матбааҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд дар сатҳи на он қадар хуб ҷараён дорад. Масъулини нашриёту матбааҳо  давра ба давра (ҳар се моҳ, ё шаш моҳ ва ё як сол) нусхаҳои ҳатмии ройгонро бо санади доду гирифт  ба гирандагон бояд ирсол намоянд. Аммо зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки онҳо бо мақсади сарфаи маблағ ё кам будани шумори китобҳои тозанашр кори дастраснамоии нусхаҳои ҳатмии ройгонро аз як давра ба давраи дигар мегузоранд ва ҳамин тариқ ин кор дар сатҳи матлуб амалӣ намегардад ва истифодабарандагон ҳам саривақт китобҳои тозанашрро мутолиа карда наметавонанд. Ҳамин беэътиноӣ сабаб шудааст, ки мафҳуми “китоби тозанашр” маънои воқеии худро то андоза аз даст диҳад. Равшантар карда гӯем, китоб соли 2016 ва 2017 нашр шуда, ба китобхона як сол ё ду сол пас ворид мешавад, дар чунин ҳолат китобро тозанашр гуфтан ғайриимкон аст. Ин аст, ки мо – китобдорон мафҳуми дигарро “китобҳои тозаворид”-ро нисбати чунин китобҳо ба кор мебарем. Ба ҳар ҳол масъулини нашриёту матбааҳоро лозим аст, ки вазифаи худро дар ин самт аз рӯйи виҷдони шаҳрвандӣ ба иҷро расонанд. 

Санаи 7-уми июн Зафар Шафиев – директори Муассисаи давлатии маҷаллаи илмии “Номаи донишгоҳ”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳангоми бо Раъно Ғаффорова – сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ба имзо расонидани санади доду гирифти 50 нусха китоби ҳатмии ройгони нашриёти “Нури маърифат”  ёдовар шуд, ки баробари масъулияти роҳбарии МД МИ мазкурро ба уҳда гирифтану ба сомон расонидани корҳои ташкилӣ зарурати ба гирандагони нусхаҳои ҳатмӣ дастраснамоии китобҳои интишордодаи нашриётро эҳсос кардам ва зуд аз пайи он шудам. МД МИ “Номаи донишгоҳ”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии Зафар Шафиев тибқи иттилои Раъно Ғаффорова тасмим гирифтааст, ки минбаъд нусхаҳои ҳатмии ройгони нашриёти “Нури маърифат”-ро саривақт ба яке аз гирандагон – Китобхонаи вилоятӣ дастрас хоҳад кард.

Масъулини дигар нашриёту матбааҳо бояд  аз директори МД МИ “Номаи донишгоҳ”  ибрат гиранд, то ин ки “китобҳои тозанашр”-ро китобдорон барои истифодабарандагон ҳамчун “китобҳои тозаворид”  муаррифӣ нанамоянд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ