Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ КИТОБҲОИ БАДЕӢ ДАР СОЛИ 2018»

Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  (№261, аз 18.06.2018) баробари оғоз шудани таътили тобистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар ду бахш – бахши хонандагон ва бахши донишҷӯён озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» эълон гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ, рангин сохтани шавқи зебоипарстии насли наврас, инчунин ҷиҳати устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона, бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва 140-солагии мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ баргузор хоҳад шуд.

 

НИЗОМНОМАИ

озмуни вилоятии

«Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018»

 

  1. 1.  Муқаррароти умумӣ

 

1.1. Озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносию худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ ба муносибати ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо иштироки фаъолонаи толибилмони мактабҳои миёна, хонандагони литсею гимназияҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олӣ ва миёнаи касбӣ доир мешавад.

1.2. Мудирони бахшҳои фарҳанг, директорони китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маориф, сарварони мактабҳо, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо ва дигар шахсони масъул давраи якуми озмунро дар байни толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони литсею гимназияҳои шаҳру навоҳии вилоят ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо риояи меъёрҳои дар низомнома муайянгардида, эҳсоси баланди тахассусӣ ва масъулиятшиносӣ ташкил мекунанд.

1.3.Масъулон хулосаи ҳайати ҳакамонро доир ба ғолибони давраи аввал ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ пешниҳод карда, иштироки ғолибони озмунро дар даври дуюм таъмин менамоянд.

 

  1. 2.  Шартҳои озмун

 

2.1. Толибилм ё донишҷӯе, ки дар озмун ширкат кардан мехоҳад, бояд ҳамчун истифодабарандаи расмии китобхонаи ин ё он деҳа, шаҳрак ва ё шаҳр ба қайд гирифта шуда, соҳиби варақаи хонанда (формуляр) бошад.

2.2. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадорукот рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари мундариҷаи асари бадеӣ (то як саҳифаи чопӣ барои як асар) пешниҳод менамояд.

2.3. Ба ҳар иштирокчӣ ҳайати ҳакамон интихобан 5 савол аз рӯи  мазмуну мундариҷа, сюжет, персонажҳо, муаллиф ё тарҷумони асар медиҳанд.

2.4. Ба ҳар як ҷавоб то 10 хол гузошта мешавад.

2.5. Барои ширкат дар озмун хонандае роҳ меёбад, ки на камтар аз 20 китоби бадеӣ хонда бошад.

 

3. Кумитаи ташкилӣ ва ҳакамони озмун

 

3.1. Кумитаи ташкилии озмун аз масъулону кормандони Раёсати фарҳанг, шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят, Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, намояндагони садорат, китобдорон ва китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ иборат аст.

3.2. Ҳайати ҳакамон аз раис ва аъзо, ки ҷамъан аз 5 нафар зиёд нестанд, иборат буда, асосан устодони адаб, илм, маориф ва матбуот мебошанд.

3.3.Натиҷаи даври ниҳоии озмун дар суратҷаласаи ҳакамони озмун инъикос ёфта, нусхаи он дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд sugd.tj ва сомонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  asiri.tj интишор мешавад.

 

4. Тартиби ҷараёни озмун

 

4.1. Дар озмун хонандагони макотиби миёнаи таҳсилоти умумии вилоят, толибилмони литсею гимназияҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок карда метавонанд.

4.2.Мудирони бахшу шуъбаҳои фарҳанг ва директорони китобхонаҳои марказӣ маълумоти ғолиби даври аввалро ҳамроҳ бо рӯйхати китобҳои мутолиакардааш (бо шарҳи мухтасари мундариҷаи осори бадеӣ то як саҳифаи чопӣ барои як асар) бояд то санаи 20-уми августи соли 2018 ба Кумитаи ташкилии озмун, ки дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ фаъолият мебарад, дастрас намоянд.

 

5. Вақти баргузории озмун

 

5.1. Даври аввали озмун аз санаи 18-уми июни соли 2018 шурӯъ гардида, то санаи 20-уми августи соли 2018 идома меёбад.

5.2. Даври дуюми озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» рӯзҳои 3-4-уми сентябри соли 2018 доир гардида, ба муносибати Рӯзи китоб 4-уми сентябри 2018  ҷамъбаст мегардад.

 

6. Ҷоиза ва мукофоти озмун

 

6.1.Ғолибони ниҳоии озмун дар ду бахш – хонандаи мактаб ва донишҷӯ ҷамъбаст ва муайян карда мешаванд.

6.2. Ду ғолиби асосии озмун бо 2000 сомонӣ ва онҳое, ки ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол менамоянд, мутаносибан ба маблағи 1500 сомонӣ, 1000 сомонӣ  ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ мешаванд.

 

7. Дигаргуниҳои истисноӣ дар муқаррароти озмун

 

7.1. Аз рӯи зарурат дар ҳолатҳои истисноӣ бо ризоияти Кумитаи ташкилии озмун дар ҳайати ҳакамон тағйирот ворид мегардад.

 

МУКОФОТИ ОЗМУН

 

1. Ҷойи аввал барои хонандаи мактаб – 2000 сомонӣ.

2. Ҷойи дуюм барои хонандаи мактаб – 1500 сомонӣ.

3. Ҷойи сеюм барои хонандаи мактаб – 1000 сомонӣ.

 

4. Ҷойи аввал барои донишҷӯ – 2000 сомонӣ.

5. Ҷойи дуюм барои донишҷӯ – 1500 сомонӣ.

6. Ҷойи сеюм барои донишҷӯ – 1000 сомонӣ.

 

Дар маҷмӯъ, барои баргузории озмун 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо шуда, дигар иштирокчиёни фаъол ҳам бо туҳфаҳои ифтихорӣ қадршиносӣ мегарданд.