Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ КИТОБДОРОН / 21.06.2018

Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи китобдорон нишон дод, ки онҳо дар самти тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ ва баландбардории сатҳи маърифати ҷомеа, бавижа вусъатбахшии ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба талош варзидаанд.

Китобдорон дар тӯли шаш моҳ кӯшиш карда, аз махзани китобии баробар ба 465608 нусхаи шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳои Китобхонаи вилоятӣ ба дастрассозии 261523 нусха китоб барои мутолиа дар хона ва толори хониш ба 30306 нафар истифодабаранда (китобхон) ноил гаштанд. Инчунин онҳо дар ин муддат тавонистанд, ки бо ҷалби 37731 нафар иштирокчӣ 624 чорабинии оммавӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор созанд. Бояд хотиррасон кард, ки муҳимтарин чорабиниҳои оммавии баргузорнамудаи китобдорон мисли ҳамин навид дар ҳамин сомона интишор дода шудаанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ