Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

АНҶОМИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР НОҲИЯҲОИ АЙНӢ ВА ПАНҶАКЕНТ / 22.07.2018

Озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018 дар ноҳ. Айнӣ ва шаҳри ПанҷакентСанаҳои 18-21-уми июли соли равон тибқи нақша-чорабиниҳо ва Қарори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 18-уми июни соли 2018 таҳти №261 оид ба гузаронидани озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва №262 «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» Сармутахассиси раёсати фарҳанги вилояти Суғд Шодиева Обода ва муовини директори Китобхонаи вилоятӣ Ҳакимова Мунира  аз рафти озмун дар  китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияи Айнӣ дидан карданд.

Тибқи  ахбори сарвари китобхонаи марказии ноҳия Холиқова Турсунмоҳ китобхона-филиали №6-и деҳаи Урметани ноҳия байни 38-китобхонаи системаи марказонидашуда «Китобхонаи намунавӣ» дониста шуд.

Китобхона-филиал дар бинои хонаи фарҳанг ҷойгир буда, аз ду ҳуҷра: толори хониш ва махзани китобӣ иборат аст. Китобдори китобхона-филиал Мавлонов Мавлон дорои маълумоти олии соҳавӣ буда, собиқаи кории 38-сола дорад. Ҳайати корӣ аз рӯи шартҳои озмун имкоятҳо ва тарзи хизматрасонии китобхона-филиалро мавриди омӯзиш қарор дод. Дар  натиҷа муайян гардид,  ки  махзани китобии китобхона-филиал 6577 китобро фаро мегирад ва  то имрӯз ба  801 хонанда хизмат расонида, 3106 китоб дастраси хонандагон гардидааст. Ташрифи хонандагон ба 1427 расида, бо ҷалби 1800 хонанда  102 чорабинӣ  баргузор гаштааст.

Тарзи ҷойгир намудани китобҳо дар рафҳои китобмонӣ тибқи талаботи ҷобаҷогузории китобхонавӣ буда, аз рӯи ҷадвали ТБК муназзам гардидааст.

Дар аснои сафар гурӯҳи корӣ натиҷаи озмунро дар китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Панҷакент низ мавриди омӯзиш қарор дод. Зимни боздид муайян гардид, ки даври аввали озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» санаи 10-уми июли соли равон баргузор гардида, китобхона-филиали №17-и деҳаи Шинги Ҷамоати Шинг  «Китобхонаи намунавӣ» дониста шуд.

Боздид аз китобхона-филиал нишон дод, ки махзани умумии он 4299 адабиётро дарбар гирифта, тарғиби китоб аз тарафи масъули китобхона-филиал хуб ба роҳ монда шудааст. Китобдори китобхона-филиал Насриддинов Хайрулло соҳиби маълумоти олии педагогӣ буда, собиқаи кории 33-сола дорад.

Вазъи  моддию техникӣ, ҳолати бино, таъминот бо таҷҳизоти китобхонавӣ, аз ҷумла рафҳои китобмонӣ, мизу курсӣ, феҳраст, компютер мавҷуд буда, китобҳо дар рафҳо аз рӯи ҷадвали ТКБ ҷойгир шудааст. Ҳуҷҷатҳои расмии китобхона низ дар асоси қоидаҳои ҳуҷҷатнигорӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, дар китобхона-филиалҳо омодагӣ ба озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» дар сатҳи хуб қарор дорад.

                                                         Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ