Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

НАТИҶАҲО АЗ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2018» ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИСТОН ВА ДЕВАШТИЧ

НАТИҶАҲО АЗ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2018»  ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИСТОН ВА ДЕВАШТИЧСанаҳои 23-24-уми июли соли равон тибқи нақша-чорабиниҳо ва Қарори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 18-уми июни соли 2018 таҳти №262 оид ба гузаронидани озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» Сармутахассиси раёсати фарҳанги вилояти Суғд Шодиева Обода ва муовини директори Китобхонаи вилоятӣ Ҳакимова Мунира рафти озмунро дар  китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияи Шаҳристон мавриди омӯзиш қарор доданд. Бино ба иттилои масъулини озмун дар ноҳияи Шаҳристон китобхона-филиали №1 байни китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳия китобхонаи намунавӣ интихоб гардидааст.

Китобхона-филиал дар бинои нави Парваришгоҳи назди мактаби ба номи Додоҷон Бойматов, ки бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми июни соли равон ифтитоҳ гашта буд, ҷойгир шуда, дорои 5077 китоб мебошад. Соли равон аз шуъбаи маорифи ноҳия 390  нусха, аз Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 16 китоб ворид гаштааст. Китобхона-филиал аз ду ҳуҷра: толори  хониш ва махзани китобӣ иборат аст.

Санаҳои 27-28-уми июл ҳайати корӣ аз рафти фаъолияти китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияи Деваштич дидан кард. Тибқи иттилои масъулин китобхона-филиали №20-и деҳаи Қалъаи Азим китобхонаи намунавии ноҳияи Деваштич дар соли 2018 дониста шуд. Бинои китобхона-филиал дар ҳолати хуб қарор дорад, ки бо саҳмгузории мудири китобхона – Нарзуллоева Муборак ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ таъмир гардидааст. Хизматрасонӣ дар китобхона-филиал хуб ба роҳ монда, барои таваҷҷуҳи истифодабарандагон ва ҷалби бештари аҳолӣ ба китобу китобхонӣ гӯшаҳо ва намоишҳои китобӣ ташкил шудааст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ