Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

50 СОЛ ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚУ ВАТАН / 03.08.2018

шореҳи бахши “Варзиш”-и барномаи “Ахбор”-и телевизиони вилояти Суғд (собиқ Ленинобод),  гӯяндаи хушовози радио, рӯзноманигори соҳибқалам, собиқадори соҳаи фарҳанг ва иттиллот Абдураҳимов АбдушарифСармутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шореҳи бахши “Варзиш”-и барномаи “Ахбор”-и телевизиони вилояти Суғд (собиқ Ленинобод),  гӯяндаи хушовози радио, рӯзноманигори соҳибқалам, собиқадори соҳаи фарҳанг ва иттиллот Абдураҳимов Абдушариф аз шумори фарҳангиёни соҳибтаҷриба ва намунаи ибрат дар вилояту ҷумҳурӣ мебошад. Ин инсони шариф панҷоҳ сол инҷониб дар рушди фарҳанг ва матбуоти миллӣ бо муҳаббату ихлос хизмати бенуқсон карда меояд.

Дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки собиқадорони радиою телевизион, матбуоти даврӣ, фарҳангиён вохӯрӣ – ҳамоиши қадршиносии ин шахсияти соҳибтаҷриба ва хизматнишондода барпо гашт. Маҳфилро сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ҳусни оғоз бахшида, Абдураҳимов Абдушарифро ҳамчун як зиёӣ, ки бо одоби ниҳоят баланди касбӣ, сабру таҳаммули беандоза дар паси сар кардани ҳама гуна душвориҳои корӣ, зарофату хушгӯӣ, камсуханӣ ва фурӯтанӣ аз дигар ҳамкасбон фарқ карда меистад, муаррифӣ намуда, дастагули тару тоза ва тӯҳфаи хотиравиро далели қадршиносии фарҳангиёни вилоят ба вай супурд.

Дар идома суханварон Абдуҳамид Ҷӯраев, Муҳсин Аминзода, аҳли санъат Юсупов Олим, Ғафур Шарипов, Абдувалӣ Мақсудов бо суханҳои ширину самимӣ аз ҳаққи бар онҳо устодию раҳнамоӣ, ҳамкорию бародарӣ доштани Абдураҳимов Абдушариф ёдовар шуда, оқиливу фозилӣ, ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, фидокориро аз хислатҳои ҳамидаи вай баршумурда, пешравӣ ва соҳиби обрӯю эътибор шуданашро ҳам дар вуҷуди чунин сифатҳои хуб донистаанд.

Табибони дараҷаи олӣ–дӯстони наздики Абдураҳимов Абдушариф ҳам ишораи нозуке ба ин ҳама авсофи писандидаи шахсии дӯсташон карданд ва барои вай тандурустӣ таманно намуданд. Инчунин ба қаҳрамони вохӯрӣ сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг ва иттилооти вилояти Суғд, ҳадяҳои дӯстону пайвандон таҳти сухангӯиҳои табрикӣ ва кафкӯбиҳо супурда шуд.

Абдураҳимов Абдушариф дар навбати худ ба ташкилкунандагони чорабинӣ, дӯстону ҳамкорони гузоришгару сухангӯёни самимизабон изҳори миннатдорӣ баён намуд ва хушнудияшро, аз он ки якумр аз ҳисоби касби рӯзноманигорӣ ва кор дар раёсати фарҳанг бо меҳнати ҳалол зиндагияшро пеш бурд, бо камоли фурӯтанӣ изҳор намуд.  Ҳамчунин ба ғанимат будани умру сарфи он ба корҳои шоиставу боиста баҳри гул-гулшукуфии Ватани азизамон ишораи нозук кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

Абдураҳимов Абдушариф ва пайвандон