Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ АЗ НАШРИЁТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН / 10.08.2018

Эҳёи робитаҳои дӯстиву ҳамсоягӣ, ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муҳимтарин ҳодисаҳои таърихӣ мебошад. Кушодашавии роҳҳо ва осон шудани шароитҳо дар сарҳад омили зиёдшавии равуои сокинони ин ду кишвари ҳамсоя гашт. Тибқи охирин маълумот аз ду тараф зиёда аз 1400000 нафар тоҷикистониёну ӯзбекистониён барои дидани хешу табор, саёҳат, тиҷорат ба кишварҳои ҳамдигар сафар кардаанд. Имрӯз яке аз шаҳрвандони кишвари ҳамсоя сармутахассиси мактабҳои тоҷикии ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Бобоҷонов аз шаҳри Ангрени вилояти Тошкент бо як даста китоб ба Китобхонаи вилоятӣ ташриф овард ва бо ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира суҳбат орост. Вай дар суҳбат гуфт:Хонандагони мактабҳои тоҷикӣ бештар ба китобҳои шоиру нависандагони адабиёти классикии тоҷик ниёз доранд. Зеро маводи китобҳои дарсӣ барои қонеъ кардани талаботи маънавии онҳо басандагӣ намекунад. Мо ҳаддалимкон тавассути нашриётҳои ватанӣ барои рафъи ин муаммо талош меварзем. Дар нашриётии “Таmaddun”, ки ман намояндаи онам, чопи чунин китобҳоро то андозае ба роҳ мондаам. Аммо мехоҳам, ки ба хонандаҳои мактабҳои тоҷикиамон аз Тоҷикистон китоб дастрас намоям. Ҳадафи ман аз ин сафар ҳам ҳамин аст.  Умедворам, ки дар оянда бо нашриёту муассисаҳои соҳаҳои фарҳанг ва маорифу илми Тоҷикистон ҳамкории хубро роҳандозӣ намоям”.

Ҳакимова Мунира дар мавриди нашри китобҳо, фаъолияти нашриёт, китобхонаҳо дар вилояти Суғду ҷумҳурӣ, вазъи кунунии фарҳангии кишвар бо меҳмон суҳбат карда, ӯро ва дар симои вай китобдорони ӯзбекистониро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Сармутахассиси мактабҳои тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Бобоҷонов, бо ибрози нияти он ки 25-уми ҳамин моҳ боз сафари  хидматие ба шаҳри Хуҷанд хоҳад дошт, китобҳои нашриёти “Таmaddun” ва дигар матбааҳоро ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ҳадя кард. Номгӯйи китобҳои ҳадяшуда:

  • Армуғони худафрӯз [Матн]: маҷмӯи назму наср/Мураттибон  Р. Аҳмадзод, А. Маҳмудзод. – Фарғона: Фарғона, 2014.–144 с.
  • Эҷодкорони Ангрен [Матн]: Осори эҷодкорони  маҳфили адабии «Сапедадам»-и  Ангрен. Шеърҳо, қиссаҳо, ҳикояҳо ва мақолаҳо/ Гирдоварандагон Ф. Исомиддин, Ш. Бобоҷонов; Муҳаррири масъул Ҷ. Муҳаммад.– Тошкент: YANGI NASHR, 2017.– 160 с.
  • Сапедадам [Матн]: Намунаи осори қаламкашони Ангрен/ Таҳиякунандагон: Ф. Исомиддин, Р.Қурбонов; Муҳаррири масъул Ҷ.Муҳаммад.– Тошкент: YANGI NASHR, 2014.– 128 с.
  • Қиблагоҳам модарам [Матн]: маҷмӯаи шеърҳо/ Муаллифи пешгуфтор ва таҳия Ш. Бобоҷонов; Муҳаррири масъул А. Тоҳириён.–Тошкент: TAMADDUN, 2017.– 42 с. 
  • Деҳнавӣ, Ч. Ангези ҷарасҳо [Матн] / Ч. Деҳнавӣ.– Тошканд:Тамаддун, 2018. – 32с.
  • Шералӣ, Л. Чил ғазал [Матн] : ғазалҳо. Барои мактабиён / Л. Шералӣ. –Тошканд: TAMADDUN, 2018.– 40 саҳ. 
  • Туҳфа барои кӯдакон [Матн]: шеърҳои бачагона / Муҳаррири масъул: А.Тоҳириён.– Тошканд: TAMADDUN, 2018.– 100 с.
  • Хайём, У. Сад рубоӣ [Матн] : Барои мактабиён / У. Хайём.–Тошканд: TAMADDUN, 2018. – 40 саҳ.
  • Алиматова, Ҳ. Шаҳри достон–Ангрен [Матн]: шеърлар/ Ҳ. Алиматова. –Тошканд: TAMADDUN, 2018. – 32 саҳ.
  • Шерозӣ, Ҳ. Чил ғазал [Матн]: Барои мактабиён/ Ҳ. Шерозӣ. –Тошканд: TAMADDUN, 2018.– 40 саҳ. 
  • Навоӣ, А. Гулбоғи фонӣ [Матн]: Барои мактабиён/ А. Навоӣ.– Тошканд: TAMADDUN, 2018.– 40 саҳ. 
  • Аҳмадзод, Р. Нидои қалб [Матн]: Маҷмӯаи шеърҳо/ Р. Аҳмадзод.– Тошкент: Ноширлик ёғдуси, 2017.– 200с.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ