Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

БУХОРО-ДУШАНБЕ-ХУҶАНД: САРНАВИШТИ КИТОБ ВА МУҲАББАТИ КИТОБДОР / 27.08.2018

Каталог книг Таджикской ССР (1926-1956 гг)Шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз шуъбаҳои серхонанда ва пурмуроҷиат мебошад. Махзани асосии онро қомусҳову донишномаҳо, китобҳои фарҳангҳу луғот, солномаҳои матбуот, тақвимҳои санаҳои ҳумоюнӣ, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дигар мавод ташкил медиҳад. Илова бар ин китобшиносон ҳамарӯза аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои такмили феҳристи кишваршиносӣ мавод гирдоварӣ мекунанд.

Чӣ тавре дар поёни навиди “Ҳадя аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” (Ниг: asiri.tj Навидҳо ‑ 02.08.2018) омадааст, кормандони ПИТФИ Моҳира Акобирова ва Гулнора Раҳмонова чанд рӯз дар Китобхонаи мо барои гирдоварии мавод машғул шуданд. Дар ин кор ба онҳо мо китобшиносон шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ёрдам расондем. Ҳангоми ҳамкорӣ китобшинос Моҳира Акобирова бар сатҳу сифати хизматрасонии библиографҳои шуъбаи мо баҳои баланд доданд. Инчунин ҳамчун дӯстдори соҳаи китобдорӣ ва китобшиносӣ аҳд карданд, ки барои боз ҳам осонтар шудани кори мо то аз дасташон омадан кӯмакро дареғ намедоранд ва ҳамкориро барои рушди соҳаи китобдорӣ бо мо идома медиҳанд.

Каталог книг Таджикской ССР (1926-1956 гг)Ин буд, ки сари аҳди худ истодагарӣ карданд ва моҳ охир нашуда, санаи 24.08.2018 баробари фароҳам омадани шароити мусоид як даста китобҳои тозанашри ПИТФИ ва чанд китоби шахсии худро ба дасти директори Китобхонаи мо Баҳром Мирсаидов барои шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ҳамчун ҳадя ирсол карданд. Дар варақи аввали яке аз китобҳои ҳадяшуда − “Феҳристи китобҳои ҶШС Тоҷикистон” (1926-1956) чунин сатрҳоро мехонем: “Ин китобро ба ман китобдори Китобхонаи вилоятии шаҳри Бухоро Акобирова Ҳалимахон соли 1977 тақдим намудаанд. Ман, дар навбати худ ба Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ҳадя менамоям”. 24.08.2018 (имзо)”. Мисли он ки ҷанговарон силоҳҳои дӯстдоштаи худро ба беҳтарин ҳамяроқонашон ҳадя мекунанд, китобшинос Моҳира Акобирова ҳам китобҳои дӯстдоштаашро ба мо ҳамкасбони худ ҳадя намуданд. Мо − китобшиносон аз ҳамкорӣ бо ин муҳаққиқи соҳаи китобдорӣ ифтихорманд буда, муносибати самимона ва ҳадяҳои дӯстонаашонро, ки аз муҳаббати беандозаашон ба китобу касби китобдорӣ дарак медиҳад, далели инсонгароии бемисл медонем. Мо аз номи Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ва ҳамаи китобдорони он барои ҳамкории судманд ва самимияти ҳамкасбӣ ба китобшиноси варзида Моҳира Акобирова ва дар шахси вай ба ҳамаи кормандони ПИТФИ, ба вижа ба олими китобшинос, ғамхори соҳаи китобдорӣ, директори ПИТФИ Шариф Комилзода изҳори миннатдорӣ баён менамоем. Аз мазмуни соядасти дӯст, ки ба мо расид, чунин хулоса баровардем: Чӣ дар Бухоро, чӣ дар Душанбе, чӣ дар Хуҷанд китоб, бигзор дар дасти китобдори пешадӯст ва дар хидмати китобхонони донишдӯст бошад.

Рӯйхати китобҳои аз ҳисоби шахсии Моҳира Акобирова ва  Шариф Комилзода ба шуъбаи мо ҳадяшуда дар поён оварда мешавад.

Бояд хотирнишон шуд, ки илова бар китобҳои мазкур тибқи ҳамкориҳои ПИТФИ ва Китобхонаи вилоятӣ  китобу маҷаллаҳои зиёд ба китобхона ворид шуданд.

 

v Каталог книг Таджиской ССР  [Текст] / Редакторы О.Каримова, Х.Гулямов. – Сталинабад, 1960. – 289 с.

v Китобҳои  Тоҷикистони  Советӣ  [Матн]: Католог (солҳои 1957-1961)  [Матн] / Тартибдиҳандагон М.  Ахмедов,  Р.  Кукушкина // Душанбе, 1963.–315 с.

v Китобҳои  Тоҷикистон  Советӣ  [Матн]: Феҳраст  (солҳои 1962- 1966) /Муҳаррир С. Иброҳимов.­–Душанбе, 1967.–353 с.   

v Китобҳои Тоҷикистон  Советӣ  [Матн]: Феҳраст (солҳои 1967-1975)   /Тартибдиҳанда Р. Кукушкина. – Душанбе,1982.–544 с.

v Китобҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  [Матн]: Феҳраст (солҳои 1981-1985)/Муҳаррири масъул Қурбонов К. – Душанбе, 1992. – 352 с.

v Маҷмўаи  Қонунҳои  иқтисодии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон [Матн]: (солҳои  2000-2004) бо ду забон [Матн]:/ Мураттибон С.Ҳомидова.– Душанбе: Эр-граф,  2005.–767с.

v Китобҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон [Матн]: Феҳрасти  библиографӣ (1991-2010) /Муҳарири масъул М. Каримзода. Душанбе, 2011.–680 с.

v Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013, №7-12 [Матн]. – Душанбе: Хонаи китоб, 2014. – 263 с.

v Асосҳои дониши китобдорӣ – иттилоотӣ [Матн]: Барномаи таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон / Мураттиб  Ш. Комилзода; Зери назари С. Назарзода. – Душанбе: Андалеб-Р, 2015.–40 с.

v Асосҳои дониши китобдорӣ – библиографӣ [Матн]: Барномаи таълимӣ / Мураттиб Ш. Комилзода; Муҳаррир Қ.Бўриев. – Душанбе: Ирфон, 2015.–40 с.

v Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2016,№1-3 [Матн]. – Душанбе: Кайҳон, 2016. – 295 с.

v Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2016,№7-9 [Матн]. – Душанбе: Бебок, 2017. – 303 с.

v Шариф Комилзода: китобномаи шарҳиҳолӣ [Матн] / Мураттибон Қ. Бўриев, С. Шосаидзода; Муҳаррир Ҳ. Сафарзода. – Душанбе: Бебок, 2018.–264 с.

 

Гурӯҳи китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ