Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

НАМОИШИ КИТОБ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТ/04.09.2018

Сардори толори хизматрасонии махсуси Китобхонаи вилоятӣ Болтубоева Мадина санаи 4-уми сентябр бахшида ба Рӯзи Китоб дар Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд намоиши кушоди китобӣ бо номи “Китоб–нерӯи маънавии миллат” ташкил кард.

Дар ин намоиш 24 нусха китобҳои гуногун, аз ҷумла китобҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳои соҳаи педагогикаи махсус ба намоиш гузошта шуд. Зиёда аз 50 нафар омўзгорону хонандагони имконияташон маҳдуди муассисаи давлатии таълимии мазкур бо китобҳо шинос шуданд. Китобдори номбурда ҳангоми намоиш баробари муаррифии мухсатари китобҳо омӯзгоронро ба ҳамкорӣ бо толори махсуси хизматрасонӣ даъват кард.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ