Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

Рӯдакихонии мактабачагон бо ташаббуси китобдор / 21.09.2018

Рӯдакихонии мактабачагон бо ташаббуси китобдорКитобдори дараҷаи I китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда дар ҳамкорӣ  бо омӯзгор Юнусова Бизумрад дар толори МТМУ №3 шаҳри Хуҷанд маҳфили муштарак бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ доир карданд. Китобдор бо намоиши китобу лавҳа ва аёниятҳои роҷеъ ба Рӯдакӣ ва осори ӯ хонандагонро ошно карда, дар ҷараёни маҳфил бо онон шеърхонӣ намуд. Дар рӯдакихонӣ хонандагони синфи 6”а” Усмонова С., Солиева А., Мӯминова Н., Саидова С., Азимов З., Ӯрунов А. хеле фаъол иштирок карданд. Аз рафти ташкилӣ ва баргузории маҳфили рӯдакихонӣ маълум гашт, ки байни китобдору омӯзгор ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Чунин маҳфилҳо дар китобхона-филиалҳои шаҳру навоҳии вилоят низ ба муносибати Рӯзӣ Рӯдакӣ баргузор шуда истодаанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ