Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

НАМОИШИ КИТОБУ МАҶАЛЛАҲО БАХШИДА БА РӮЗИ КУҲАНСОЛОН / 01.10.2018

Ҳамасола китобдорони санаи 1-уми октябр аз рӯи нақша чорабиниҳои гуногун доир менамоянд. Имсол  китобдорони толори хизматрасонии махсус барои иштирокчиёни маҳфили фарҳангӣ-фароғатии «Бирав, дилеро биёб!», ки дар “Маркази минтақавӣ-хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон” дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, намоиши китобии «Асои дасти пирон мо–ҷавонон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар намоиш 11 китоб аз шуъбаи хизматрасонӣ, 8 китоб аз шуъбаи тиб ва 7 маҷалла аз шуъбаи матбуоти даврӣ барои 71 нафар бошандагони маркази мазкур  муаррифӣ гардид. Дар муаррифӣ китобдори шуъбаи хизматрасонӣ Рустамова Ф. низ саҳм гузошт.  Инчунин донишҷӯи курси сеюми факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров – Анварзода Шаҳноза, ки аз хонандагони фаъол ва доимии толори хизматрасонии махсус мебошад, дар бораи таърихи ҷашнгирии рӯзи куҳансолон  ва аҳамияти он гузориш намуд. Донишҷӯи мазкур аз хазинаи махсуси толори мазкур истифода намуда, дар чорабиниҳои китобдорон ширкат мекунад. Солмандонро ҳузури китобдорон ва намоиши китобу маҷаллаҳо хурсанд намуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ